Поси хотира аз марзбонони қаҳрамони дидбонгоҳи сарҳадии 12

© Foto / Пресс-служба ЦВО РФСарбозони Русия хотираи марзбононе, ки соли 1993 дар наздикии рустои Саригор дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро кушта шуданд, гиромӣ доштанд.
Сарбозони Русия хотираи марзбононе, ки соли 1993 дар наздикии рустои Саригор дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро кушта шуданд, гиромӣ доштанд. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Обуна шудан
Меҳмони фахрии дар ҳамоише барои поси хотир Қаҳрамони Русия генерал Андрей Мерзликин буд, ки соли 1993 барои рафъи ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии 12 чора андешид
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон дар ҳамоише барои поси хотир дар назди муҷассамаи ёдгорие, ки дар ҷои марги сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми неруҳои Русия, мустақар дар наздикии рустои Сари-Гор дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бунёд ёфтааст, ширкат карданд.
Ин ҳамоиш ба муносибати 30-умин солгарди набард дар дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми неруҳои Русия баргузор шуд.
Намояндагони ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо роҳбарияти олии Гурӯҳи Қӯшунҳои сарҳадии Русия дар Тоҷикистон муҷассамаи "Ба номи 25 қаҳрамонони дидбонгоҳи сарҳаддии 12-уми гурӯҳи марзбонони Москва" ифтитоҳ намуданд.
Сипас, сарбозон ва собиқадорони пойгоҳи низомии 201, кормандони Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони сафорати Русия, сафири Беларус дар Тоҷикистон, додситони низомӣ додситонии ҳарбии рақами 257, инчунин намояндагони аҳли ҷомеа иштирок намуданд.
Ширкаткунандагон хотираи афсарону сарбозони он ҷанги қаҳрамонро бо як дақиқа сукут гиромӣ дошта, ба пояи ёдгорӣ гулчанбарҳо гузоштанд.
Годовщина трагических событий, на 12-й заставе Московского пограничного отряда 13 июля 1993 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
25 қаҳрамон: Чӣ гуна низомиёни рус ба баҳои ҷон дидбонгоҳи марзии 12-ро ҳимоя карданд
Меҳмони фахрии ин чорабинӣ Қаҳрамони Русия генерал-лейтенант Андрей Мерзликин буд, ки соли 1993 ҳайати шахсиро роҳбарӣ карда, барои рафъи ҳамла ба дидбонгоҳи 12-уми сарҳадӣ чораҳои зарурӣ андешид.
Ёдовар мешавем, ки 13-уми июли соли 1993 як гурӯҳи ҷангҷӯён дар ҳудуди 200-250 нафар талош карданд, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд. 45 марзбони Русия ва 3 низомии дивизияи савораи пойгоҳи 201-уми, ки ба посгоҳ эъзом шуда буданд, беш аз 11 соат ҳамлагаронро боздоштанд.
Дидбонгоҳ бозпас гирифта шуд, 22 сарҳадбони рус ва се сарбози дивизияи савораи пойгоҳи 201-уми кушта шуданд, вале ақабнишинӣ накарданд. Шаш нафар ба унвони қаҳрамони Русия, аз ҷумла чаҳор нафар баъд аз марг сарфароз гардонида шуданд.
Дидбонгоҳи сарҳадӣ комилан тахриб шуд. Ҳоло ин дидбонгоҳ дар ҷойи нав сохта шудааст ва соли 2005 қитъаи марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки аз ҷониби гурӯҳи марзбонии Маскав ҳимоят мешуд, таҳти назорати Хадамоти марзбонии Тоҷикистон қарор гирифт.
Лентаи хабарҳо
0