Капитани тими миллии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ба "Истиқлол" баргашт

© ФФТ Ахтам Назаров, капитан сборной Таджикистана и клуба Истиклол
Ахтам Назаров, капитан сборной Таджикистана и клуба Истиклол  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Обуна шудан
Дар мавсими гузариши тобистона, собиқ бозигари тими "Истиқлол"-и Душанбе, ки солиёни зиёд дар он бозӣ мекард, дигарбора ба ин даста баргашт
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Пас аз танаффуси нимсола капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров ба "Истиқлол" -и Душанбе баргашт.
Дар ин бора дафтари матбуоти бошгоҳи "Истиқлол" иттилоъ дода, зикр намуд, ки пештар Назаров солҳои зиёд дар ин тим бозӣ мекард.
"Қаҳрамони кишвар бо ҳимоятгар Аҳтам Назаров, ки қаблан солҳои зиёд дар ҳайати "Истиқлол" ҳунарнамоӣ мекард, шартномаи ҳамкорӣ баст", - омадааст дар иттилоия.
Охирин бошгоҳи футболбоз тими "Андиҷон"-и Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад, ки дар бораи гузариш ба он аввали соли равон хабар дода шуда буд.
Маврид ба зикр аст, ки Назаров аз бозигарони саршиноси футболи тоҷик аст, ки сар аз соли 2013 дар ҳайати “Истиқлол” бозӣ мекард.
Ӯ фаъолияти ҳирфаияшро аз тими "Барқчӣ"-и Душанбе оғоз карда, дар ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар низ бозӣ кардааст.
Желтая карточка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Аз дағалӣ то задани ҳариф: Ҷазои вайронкунандаҳои қоида дар футболи Тоҷикистон
Бинобар додаҳои охирини портали машҳури варзишии Олмон "Transfermarkt.de" арзиши тахминии бозигар 175 ҳазор евро баҳогузорӣ шуда буд.
Вай ҳамчунин зимни ҷамъбасти соли 2022 ва эълони беҳтаринҳои бахши футболи кишвар беҳтарин ҳимоятгари сол дониста шуд.
Пештар Алишер Ҷалилов яке аз бозигарони мунтахаби футболи Тоҷикистон низ ба Ӯзбекистон рафта буд, дигарбора ба "Истиқлол" баргашт.
Лентаи хабарҳо
0