Ҳушдор аз туфони чангу ғубор ва сел дар Хатлону ВМКБ

© Фото : Пресс-служба администрации ГБАОПодтопление в Рошткалинском районе ГБАО
Подтопление в Рошткалинском районе ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Обуна шудан
Тайи ду рӯзи оянда бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мешавад.
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг) пешгӯӣ мешавад.
Ба гузориши Агентии ҳавосанҷии кишвар, рӯзҳои 15-16 июл бо сабаби омилҳои метеорологӣ - тӯфони чангу ғубор дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, НТҶ, шаҳри Душанбе сурат хоҳалд гирифт.
Аммо дар ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд ва ноҳияҳои ҷанубу шарқии ВМКБ баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.
Рӯзҳои 15-17 июли соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон, баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) чангу ғубор боқӣ мемонад.
Ҳамчунин 14-15 июл дар минтақаҳои алоҳидаи ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва НТҶ сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Гуфта мешавад, ки бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мешавад.
В ГБАО сошел мощный селевой поток - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2023
Сели харобиовар дар ноҳияи Роштқалъа хонаҳоро шуст
Дар ин робита КҲФ аз шаҳрвандон хостааст, ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва гипертония таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.
Аз дӯстдорони кӯҳнавардӣ, авто, мото ва велосипедронии кӯҳӣ даъват шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, инчунин фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя намоянд. Таъкид шудааст, ки эҳтимоли резиши сангу сел боқӣ мемонад.
Бастани тирезаҳо дар рӯзҳои чангбод ва нӯшидани оби бештар на камтар аз 2-2,5 литр дар як шабонарӯз аз тавсияҳои дигари КҲФ ба шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0