https://sputnik.tj/20230712/sverdlovsk-maktab-ruszabon-tojikiston-omuzgor-omoda-kunad-1058211882.html
Свердловск омодааст барои мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон омӯзгор омода кунад
Свердловск омодааст барои мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон омӯзгор омода кунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар мулоқоти раиси вилояти Суғд ва губернатори вилояти Сведрловск масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф баррасӣ гардид 12.07.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-07-12T10:30+0500
2023-07-12T10:30+0500
2023-07-12T10:36+0500
дар тоҷикистон
русия
свердловск
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102977/01/1029770108_0:157:2997:1842_1920x0_80_0_0_f17be08bd5a9968eeefe237e6d9940e9.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ки алъон бо сафари корӣ дар Русия қарор дорад, бо губернатори вилояти Свердловкс мулоқот намудааст.Дар ин бора котиботи раиси вилояти Суғд хабар дод.Ба иттилои манаъ, дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф қайд намуданд.Евгений Кувайшев изҳор дошт, ки Свердловск омодааст барои мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон муаллим омода кунад.Маврид ба зикр аст, ки аз моҳи сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон 5 мактаб фаъолият дорад, ки дар онҳо таҳсил тибқи стандартҳои Русия ба роҳ монда шудааст.Мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода ҷойгир буда, ҳудуди 5000 мактаббача дар онҳо таҳсил мекунанд.Муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии Русия бар асоси созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар сохта шудаанд.Дар соли равон шумори омӯзгорони русе, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” дар мактабҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аз 47 то 75 нафар афзоиш ёфтааст. Лоиҳа дар кишвар 6 сол аст, ки идома дорад.Ёдовар мешавем, ки соли 2023 бо ибтикори кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ Соли забони русӣ эълон шудааст.
https://sputnik.tj/20230614/omor-maktabho-du-sezabona-tojikiston-1057710752.html
русия
свердловск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102977/01/1029770108_164:0:2831:2000_1920x0_80_0_0_5a271cec2ec245ee3b5ce244d47a325f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, свердловск, маориф
дар тоҷикистон, русия, свердловск, маориф
Свердловск омодааст барои мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон омӯзгор омода кунад
10:30 12.07.2023 (Навсозишуда: 10:36 12.07.2023) Дар мулоқоти раиси вилояти Суғд ва губернатори вилояти Сведрловск масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ки алъон бо сафари корӣ дар Русия қарор дорад, бо губернатори вилояти Свердловкс мулоқот намудааст.
Дар ин бора котиботи раиси вилояти Суғд хабар дод.
Ба иттилои манаъ, дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф қайд намуданд.
Евгений Кувайшев изҳор дошт, ки Свердловск омодааст барои мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон муаллим омода кунад.
Маврид ба зикр аст, ки аз моҳи сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон 5 мактаб фаъолият дорад, ки дар онҳо таҳсил тибқи стандартҳои Русия ба роҳ монда шудааст.
Мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода ҷойгир буда, ҳудуди 5000 мактаббача дар онҳо таҳсил мекунанд.
Муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии Русия бар асоси созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар сохта шудаанд.
Дар соли равон шумори омӯзгорони русе, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” дар мактабҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аз 47 то 75 нафар афзоиш ёфтааст. Лоиҳа дар кишвар 6 сол аст, ки идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 бо ибтикори кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ Соли забони русӣ эълон шудааст.