Гулистон нақшаи ҷамъоварии андозро барзиёд иҷро кард

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Обуна шудан
Нақшаи даромади буҷаи маҳаллӣ 109,8% иҷро шуда, дар шаш моҳ дар шаҳр се корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи соли 2023 ба буҷети давлатии шаҳр ба маблағи 146,7 млн сомонӣ андоз ва пардохтҳо ворид гардид.
Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2023 таъкид гардид. Ин маблағ 107,7 % ташкил медихад.
Дар ин муддат ба буҷа 10,6 млн сомонӣ зиёд даромад дохил шуд.
Ҳамзамон, нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 35,0 млн сомониро ташкил дода, ба хазина 38,5 млн сомонӣ ё 109,8% ворид гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати шаҳр.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Дастури Раҳмон дар бораи пардохтҳои гумрукиву бартарафсозии қарзҳои андоз
Зимнан, корхонаҳои саноатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 2,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои ҷорӣ 94,8% ташкил медиҳад.
Дар доираи татбиқи индустрикунонии босуръат соли равон бунёди 5 корхонаи нави саноатӣ пешбиенӣ шуда буд, ки аллакай 3 корхона ба истифода дода шуд.
Қаблан Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон гуфта буд, ки дар зарфи 5 сол ҳаҷми тавлидоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ бояд ду баробар афзоиш ёбад.
Лентаи хабарҳо
0