Баҳси сифати яхмос дар Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешПокупка мороженого в жаркий день
Покупка мороженого в жаркий день - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Обуна шудан
Бо фарорасии фасли гармо яхмос дар Тоҷикистон яке аз маҳсулоти серхаридор ба шумор меравад, ки сифати он пайваста дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Агентии "Тоҷикстандарт" барои баррасии масоили марбути сифати яхмос дар Тоҷикистон машварат бо иштирок масъулин ва намояндагони бахши хусусӣ баргузор намуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳадафи машварат ба танзим даровардани воридот, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ширӣ - яхмос мебошад.
Бо ин ҳадаф, масъулин роҳбарон ва намояндагони корхонаву сехҳои истеҳсолии ин навъи маҳсулот, ки дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он фаъолият доранд, ба машварат даъват кардаанд.
Ба тавлидгарони яхмос дар мавзӯи риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ ҳамчун омили таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот омӯзиш гузаронда шуд, омадааст дар иттилоия.
Муовини директори "Тоҷикстандарт" Рустамзода Малоҳат зарурати баланд бардоштани сифати маҳсулоти ширӣ - яхмосро махсусан таъкид кардааст.
Продукты питания, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2020
Гӯшт, шир ва тухм арзон мешавад? дар Суғд истеҳсолот афзоиш ёфт
Аз ҷумла, оид ба риояи талаботи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, меъёри истифодабарии ашёи хом ҳангоми истеҳсол ва ба муомилот баровардани яхмос, дарки масъулияти ватандорӣ ва ба мардум пешниҳод намудани маҳсулоти ғизоии босифату бехатар таъкид кардаст.
Вай тавсия додааст, ки дар истеҳсолот асосан маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатари ватанӣ истифода карда шавад.
Сипас мутахассисони соҳа тариқи рӯнамо оид ба истифодабарии иловагиҳои кимиёвӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ, тамғагузорӣ, борҷом ва стандарти байнидавлатии яхмоси ширӣ, қаймоқӣ ва пломбир баромад намудаанд.
Ҳамзамон, масъулин мулоҳизоти худро барои беҳтар намудани сифати яхмос, истифодаи босамари технологияҳои муосир, риояи ҳолати санитарӣ, истифодаи маҳсулоти хоми ба талабот ҷавобгӯйбуда, тамғагузории маҳсулот ва дигар масоили истеҳсолу фурӯши яхмос изҳори назар кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0