https://sputnik.tj/20230711/aziz-nazar-naqshi-shsh-hamkori-iqtisod-takid-1058195436.html
Азиз Назар аз нақши СҲШ дар таъмини ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ таъкид кард
Азиз Назар аз нақши СҲШ дар таъмини ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ таъкид кард
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар бораи ҳамкории кишварҳои СҲШ бахусус дар соҳаи саноат бинобар иқтидори бузурги кишварҳо таъкид кард
2023-07-11T13:57+0500
2023-07-11T13:57+0500
2023-07-11T17:55+0500
дар тоҷикистон
саноат
иқтисод
сҳш
ҳамкорӣ
вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0b/1058194858_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_339357e2375f6f454cd4fecce7e28e30.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар ин бора муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар дар мизи мудаввар бахшида ба ҳамкории саноатии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай изҳори назар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати саноати кишвар.Мақомдори тоҷик зимни суханрониаш аз нақши афзояндаи созмонро дар таъмини ҳамкории кишварҳои узв дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ, бахусус дар соҳаи саноат бинобар иқтидори бузурги кишварҳо таъкид намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба муҳимияти фароҳам овардани дастрасии баробар ба технологияҳои нав ва таҳияи меъёрҳои ягона барои таъмини рушди устувори технологӣ дар минтақаи СҲШ ҷалб намуд.Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур дар ҳошияи 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "ИННОПРОМ-2023", ки аз 10 то 13 июли соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор гардида истодааст, сурат гирифт.Дар ин ҷаласа муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар дар мизи мудаввар бахшида ба ҳамкории кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи саноат иштирок намуд. Ёдовар мешавем, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ба Русия ба шаҳри Екатеринбург сафар намуданд. Дар доираи сафар дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо соҳибкорони тоҷиктабори муқими минтақаи Урал ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон баргузор гардид. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар бо соҳибкорони тоҷиктабори Русия дар хусуси имтиёзу имкониятҳои фаровон барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ибрози андеша намуд.
https://sputnik.tj/20230711/maqomot-sohibkoron-tojiktabor-rusiya-korkhona-tojikiston-1058194192.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0b/1058194858_16:0:925:682_1920x0_80_0_0_b473899e9ef577b1d21b7e96defe483b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, азиз назар, сҳш,ҳамкорӣ, иқтисод, иқтидор
тоҷикистон, саноат, азиз назар, сҳш,ҳамкорӣ, иқтисод, иқтидор
Азиз Назар аз нақши СҲШ дар таъмини ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ таъкид кард
13:57 11.07.2023 (Навсозишуда: 17:55 11.07.2023) Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар бораи ҳамкории кишварҳои СҲШ, бахусус дар соҳаи саноат бинобар иқтидори бузурги кишварҳо, таъкид кард
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар ин бора муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар дар мизи мудаввар бахшида ба ҳамкории саноатии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай изҳори назар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати саноати кишвар.
Мақомдори тоҷик зимни суханрониаш аз нақши афзояндаи созмонро дар таъмини ҳамкории кишварҳои узв дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ, бахусус дар соҳаи саноат бинобар иқтидори бузурги кишварҳо таъкид намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба муҳимияти фароҳам овардани дастрасии баробар ба технологияҳои нав ва таҳияи меъёрҳои ягона барои таъмини рушди устувори технологӣ дар минтақаи СҲШ ҷалб намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур дар ҳошияи 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "ИННОПРОМ-2023", ки аз 10 то 13 июли соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор гардида истодааст, сурат гирифт.
Дар ин ҷаласа муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар дар мизи мудаввар бахшида ба ҳамкории кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи саноат иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ба Русия ба шаҳри Екатеринбург сафар намуданд.
Дар доираи сафар дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо соҳибкорони тоҷиктабори муқими минтақаи Урал ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон баргузор гардид.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар бо соҳибкорони тоҷиктабори Русия дар хусуси имтиёзу имкониятҳои фаровон барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ибрози андеша намуд.