Кашфи молҳои қочоқӣ ба маблағи миллионҳо сомонӣ дар Душанбе

© Sputnik / Павел Львов / Гузариш ба медиабонкДорожная сеть Амурской области
Дорожная сеть Амурской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2023
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон муайян кардааст, ки колои қочоқӣ ба кишвар аз ҷумҳурии Чин ворид гардида, аз расмиёти гумрукӣ гузаронда нашудааст
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Зимни санҷиш дар анборҳои корхонаи истеҳсолии "Яхдон", воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе колои қочоқӣ ошкор шуд.
Дар ин бора додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки моли қочоқӣ марбути як соҳибкоре мебошад, ки дар ҳудуди ин корхона 2 адад анборхонаҳоро ба иҷора гирифтаст.
Дар феҳрати молҳои қочоқӣ аз ҷумла беш аз 1,3 ҳазор таҷҳизоти барқии хӯрокпазии тамғаи "Злато", 600 адад таҷҳизоти барқии хӯрокпазии хурд, 4 ҳазор адад таҷҳизоти барқии гармидиҳӣ (радиатор) тамғаи “Bosh” ва “Samsung”, ҳудуди 2,8 ҳазор зарфҳои сафолӣ барои чойнӯшӣ ё худ бокал ном бурда шуданд.
Додситонӣ мегӯяд, соҳибкор ин миқдор молро ғайриқонунӣ бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ нигоҳ доштааст.
Работа морского торгового порта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
Мақомоти Хатлон гуфт бо 40 кишвари хориҷӣ чӣ қадар савдо кардааст
Манбаъ афзуд, молҳои мазкур аз Чин ғайриқонунӣ, бидуни назорати гумрукӣ, бо роҳи қочоқ ба сарҳади гумрукии Тоҷикистон ворид гардида, он қочоқ ба миқдори калон маҳсуб меёбад.
Тибқи маълумотномаи Раёсати минқакавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе арзиши умумии эҳтимолии бозоргонии ин таҷҳизотҳои барқӣ ба маблағи беш аз 2,1 млн сомониро ташкил дода, боҷ ва андози гумрукии он бошад, беш аз 270 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид намудаст, ки нисбати соҳибкор барои содир намудани ҷинояти қочоқ ба миқдори калон бар асоси моддаи 289, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0