https://sputnik.tj/20230709/garmi-radu-barq-havo-tojikiston-1058162189.html
То 41 дараҷа гармӣ ва раъду барқ: Ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
То 41 дараҷа гармӣ ва раъду барқ: Ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳарорати ҳаво дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 31 дараҷа, дар Суғд то 39 дараҷа, дар Хатлон то 41 дараҷа, дар Душанбею атроф то 37 дараҷа гарм мешавад
2023-07-09T11:16+0500
2023-07-09T11:16+0500
2023-07-09T11:16+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
пешгӯӣ
ҳароратӣ
ҳавои гарм
борон
вмкб
хатлон
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057924390_0:232:3067:1957_1920x0_80_0_0_4d7280d0deaa08168cbeca6c0775ed1c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар баъзе навоҳии ВМКБ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 1+6 дараҷа ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.Суғдро ҳавои тағйирёбанда ва дар водиҳо бебориш фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назғар аст. Ҳарорат дар водиҳои шимоли Тоҷикистон шабона 19+24 дараҷа, рӯзона 34+39 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад. Дар Хатлон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ мегардад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм дар назар буда, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар қисматҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мегардад. Душанберо ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш фаро гирифта, ҳарорат шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20230609/khf-ki-beshtar-obh-tojikiston-gharq-1057639109.html
вмкб
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057924390_227:0:2956:2047_1920x0_80_0_0_10ae60a6fa54b72dfc554ce666fa91d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳаво, рӯз, истироҳат, тоҷикистон, тағйир
ҳаво, рӯз, истироҳат, тоҷикистон, тағйир
То 41 дараҷа гармӣ ва раъду барқ: Ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
Ҳарорати ҳаво дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 31 дараҷа, дар Суғд то 39 дараҷа, дар Хатлон то 41 дараҷа, дар Душанбею атроф то 37 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.
Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар баъзе навоҳии ВМКБ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 1+6 дараҷа ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро ҳавои тағйирёбанда ва дар водиҳо бебориш фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назғар аст.
Ҳарорат дар водиҳои шимоли Тоҷикистон шабона 19+24 дараҷа, рӯзона 34+39 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар Хатлон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ мегардад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм дар назар буда, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар қисматҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мегардад.
Душанберо ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш фаро гирифта, ҳарорат шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.