Таъсиси Маркази тахассусӣ дар Русия барои ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба кор дар бахши сохтмон

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкРабочие во время строительства, архивное фото
Рабочие во время строительства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2023
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Русия масъалаҳои ҷалби шаҳрвандони соҳибихтисоси Тоҷикистон ба бунёди иншооти муҳими сохтмонии Русия дар минтақаи Урал баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо раиси Ассотсиатсияи корхонаҳои саноати сохтмонии Тоҷикистон Алишер Тоҷиев мулоқот намуд, иттилоъ додааст Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба роҳандозӣ ва густариши ҳамкорӣ дар арсаи мусоидат ба шуғли меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҳавзаи федералии Урал дар иншооти саноати сохтмонии Русия баррасӣ шуд.
Инчунин тарафҳо масъулаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор дар иншооти бунёдшавандаи корпоратсияи давлатии "Росатом", ба таври муфассал муҳокимаю баррасӣ шуданд.
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2023
Мавсими муҳоҷират: Ба Новосибирск ҳар ҳафта ҳазорҳо атбои хориҷӣ ворид мешавад
Тарафҳо дар мулоқот ба мувофиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик бо пуштибонии аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Маркази тахассусӣ барои интихоби шаҳрвандони кишвар барои кор дар саноати маҳаллии сохтмонии Русия аз рӯйи ихтисосҳои дахлдори сохтмонӣ таъсис дода мешавад.
Дар мулоқот намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ва муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров иштироки фаъолу муфид доштанд.
Лентаи хабарҳо
0