Эътирозҳо дар Тифлис: мухолифони ҳамҷинсгароён ба кӯчаҳо рехтанд - видео

Обуна шудан
Дар пойтахти Гурҷистон садҳо нафар роҳпаймоии арзишҳои анъанавӣ алайҳи иштирокдорони фестивали ҳамҷинсгароён оғоз намуданд
Аз назди ҳайкали шоири гурҷӣ Важа - Пшавела эътирозгарон то кӯли Лиси, маконе, ки ҷонибдорони ҳамҷинсгароён фестивал доир намуданд, роҳпаймоӣ доранд.
Бар хабари расонаҳо маъмурони пулис чанд эътирозгарро алайҳи ҷашнвора боздошт карданд.
Онҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даргир шуда, ҳатто дар як ҷо муҳосираи пулисро рахна карданд.
Идомаи нооромиҳо дар Фаронса: аз ҳамла ба пулис то садҳо сӯхтор - видео
Масъулини пулис хабари боздоштҳоро таъйид карданд, аммо теъдоди боздоштшудагон мушаххас нашудааст.
Зикр гардид, ки ҳоло мухолифони ҷашнвора рост дар маҳалли баргузории ҷашн қарор доранд ва кормандони пулис эътирозгарон ва созмондиҳандагони ҷашнвораро аз ҳам ҷудо мекунад.
Ба гуфтаи эътирозгарон ҳадафи онҳо ҷилавгирӣ аз баргузории ҷашнвораи ҷонибдорони ҳамҷинсгаро мебошад.
Лентаи хабарҳо
0