Роҳи автомобилгарди “Бӯстон-Обшорон-Зарнисор” дар ноҳияи Мастчоҳ кушода шуд

© Sputnik Дорога в Таджикистане, архивное фото
Дорога в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Обуна шудан
Ин роҳ ноҳияҳои Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафововро бо шаҳрҳои Зарнисор ва Гулистон мепайвандад, таъкид кард хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Корҳои сохтмонӣ дар шоҳроҳи Бӯстон-Обшорон-Зарнисор пурра анҷом ёфт.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ин шоҳроҳ ҳаракат кардааст.
Вай ба сифати корҳои дар муҳлати пешбинишуда анҷомёфта баҳои баланд дода, саҳми ширкату корхонаҳоро барои татбиқи лоиҳа назаррас арзёбӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки дарозии роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳрҳои Зарнисор ва Гулистон мепайвандад.
Раҳмон дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2023
Аз Бӯстон ба Хуҷанд: Идомаи сафари Раҳмон ба вилояти Суғд
"Роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор дар масофаи 38 километр пурра аз таҳкурсӣ аз нав сохта, аз рӯи меъёрҳои роҳсозӣ ду қабат асфалт хобонида шудааст. Паҳноии асфалти роҳ аз 7 то 11 метрро ташкил медиҳад.", - таъкид кард хадамоти матбуоти.
Ҳамзамон дар масофаи ин роҳ ду пули нави мошингузар сохта, ду пули мавҷуда пурра таъмиру навсозӣ карда шуд.
Роҳи мошингарди мазкур бузургтарин корхонаи саноатии кӯҳӣ дар Тоҷикистон, силсилаконҳои Зарнисору Бургунда, минтақаҳои кишоварзӣ ва деҳаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Мастчоҳро ба маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд мепайвандад.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сеюм аст, ки дар вилоят идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0