Музеи кинои Маскав осори синамои тоҷикро пешниҳод кард

© Sputnik Кинотеатр, архивное фото
Кинотеатр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Обуна шудан
Дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон, ки феълан ҷараён доранд, дар Душанбе намоишгоҳи таърихи синамои тоҷик баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Осорхонаи миллӣ даҳҳо плакатҳо ва кадрҳо аз филмҳои афсонавӣ, ки Музеи кинои Маскав пешниҳод кардааст, пешкаш гардид.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, зимни чорабинӣ вазири фарҳанги Русия Надежда Преподобная таъкид намуд, ки Маскав ва Душанбе минбаъд ҳам муколамаи фарҳангиро тақвият хоҳанд дод.
"Мо кишварҳое ҳастем, ки дар замони шӯравӣ як будем ва ҳоло ҳеҷ чиз моро аз иҷрои лоиҳаҳо, бунёди ояндаи умумӣ боз намедорад, зеро мо гузаштаи умумӣ доштем", - гуфт Преподобная.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, афзуд шоми 7 июл пас аз ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ консерти пианинанавоз ва ҳунарманди халқии ФР, Денис Матсуев баргузор мегардад.
Вай дар ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Русия ва як қатор чорабиниҳои дигари фарҳангӣ иштирок мекунад.
Мулоқоти муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон ва Русия дар душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Миннатдории муовини вазири Русия аз пазироии самимӣ дар Тоҷикистон
Ҳамчунин тибқи барномаи рӯзҳои фарҳангӣ, консертии Ансамбли давлатии академии рақси халқии "Налмэс"-и Адигея рӯзи 9 июл, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Сафари иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд 10 июл шурӯъ гардида, барномаҳои ҳунарӣ рӯзи 11 июл дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор мегардад.
Инчунин боздиди ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, "Боғи Ирам" ва дигар мавзеъҳои ҷолибу дидании пойтахт ва шаҳри Хучанд дар назар дошта шудаст.
Лентаи хабарҳо
0