https://sputnik.tj/20230707/kori-kalontarin-majmaa-resandagi-viloyat-sugd-video-1058136770.html
Ҷараёни кори калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд - видео
Ҷараёни кори калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар корхонаи “Арвис Зелал Текстайл” дар зарфи шаш моҳи соли равон наздик ба 2 ҳазор тонна риштаи пахтагин истеҳсол гардидааст
2023-07-07T16:30+0500
2023-07-07T16:30+0500
2023-07-07T16:30+0500
видео
раисҷумҳур
коргоҳ
суғд
саноат
коркард
пахта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/07/1058136592_0:106:3072:1834_1920x0_80_0_0_c166a8cc270545ee69f8fcd5a8594421.jpg
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахиран зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ аз корхонаи “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуд.Ин маҷмааи бузурги ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркия моҳи декабри соли 2022 баъди таҷдид дубора ба фаъолият оғоз намуд ва дар он зиёда аз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.Аз Бӯстон ба Хуҷанд: Идомаи сафари Раҳмон ба вилояти Суғд"Арвис Зелал Текстайл", ки ҳоло дар се баст фаъолият дорад, дар як сол имконияти коркарди саноатии 6,5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 5 ҳазору 400 тонна ресмони пахтагини андозааш 16, 20, 24 ва 30 мавҷуд мебошад.Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар вилоят калонтарин корхонаи ресандагӣ буда, дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти коркарди нахи пахта ва тавлиди ресмони пахтагин аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Чин ва Туркия васлу насб шудааст ва ашёи хом пурра аз ҳудуди вилояти Суғд дастрас мешавад.Ифтитоҳи парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодир дар ноҳияи ШаҳристонТибқи маълумот, дар давоми моҳи декабри соли 2022 ва шаш моҳи сипаришудаи соли 2023 дар ин маҷмааи калони ресандагӣ наздик ба 2 ҳазор тонна риштаи пахтагин истеҳсол гардидааст.Масъулини корхона ваъда доданд, ки корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ баъди ворид кардани хатҳои нави технологӣ ба истифода дода мешавад ва барои таъсиси корхонаи дӯзандагӣ бошад, нақшаҳо тарҳрезӣ шудааст.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/07/1058136592_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_c555f787cbef3600a5582c009f683b2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, эмомалӣ раҳмон маҷмаа, ресандагӣ, саноат, ришта, пахта
видео, эмомалӣ раҳмон маҷмаа, ресандагӣ, саноат, ришта, пахта
Ҷараёни кори калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд - видео
Дар корхонаи “Арвис Зелал Текстайл” дар зарфи шаш моҳи соли равон наздик ба 2 ҳазор тонна риштаи пахтагин истеҳсол гардидааст
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахиран зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ аз корхонаи “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуд.
Ин маҷмааи бузурги ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркия моҳи декабри соли 2022 баъди таҷдид дубора ба фаъолият оғоз намуд ва дар он зиёда аз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
"Арвис Зелал Текстайл", ки ҳоло дар се баст фаъолият дорад, дар як сол имконияти коркарди саноатии 6,5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 5 ҳазору 400 тонна ресмони пахтагини андозааш 16, 20, 24 ва 30 мавҷуд мебошад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар вилоят калонтарин корхонаи ресандагӣ буда, дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти коркарди нахи пахта ва тавлиди ресмони пахтагин аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Чин ва Туркия васлу насб шудааст ва ашёи хом пурра аз ҳудуди вилояти Суғд дастрас мешавад.
Тибқи маълумот, дар давоми моҳи декабри соли 2022 ва шаш моҳи сипаришудаи соли 2023 дар ин маҷмааи калони ресандагӣ наздик ба 2 ҳазор тонна риштаи пахтагин истеҳсол гардидааст.
Масъулини корхона ваъда доданд, ки корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ баъди ворид кардани хатҳои нави технологӣ ба истифода дода мешавад ва барои таъсиси корхонаи дӯзандагӣ бошад, нақшаҳо тарҳрезӣ шудааст.