https://sputnik.tj/20230707/intiqoli-chorvoi-khushzoti-rusiya-belorus-tojikiston-1058129841.html
Парвариши чорвои хушзоти Русия ва Белорус дар Тоҷикистон
Парвариши чорвои хушзоти Русия ва Белорус дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолияти фермаи парвариши чорвои хушзот шинос гардид, ки таҷрибаи Русияро дар фаъолияташ кор мебарад
2023-07-07T11:49+0500
2023-07-07T11:49+0500
2023-07-07T11:52+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
чорво
кишоварзӣ
аҳолӣ
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/15/1032667417_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_60dc9683719d23f7214d889eb53310b3.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо парвариши чорвои калони хушзот ва гуштии ҷамъияти "Некбахт" шинос шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ин фермаи чорвопарварӣ аз тарафи соҳибкорон Некрӯз Валиев ва Бахтиёр Валиев бунёд ёфтааст. Ферма барои парвариши 100 сар чорво пешбинӣ ва бо ин мақсад чорвои хушзот ворид карда шудааст, афзуд манбаъ. Ба раисҷумҳур гузориш додаанд, ки бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли гушт ва маҳсулоти гуштӣ, шир ва гирифтани чорвои хушзот дар шароити маҳал фермаи мазкур таъсис ёфт. Таъкид шудааст, ки чорвои калони зоти сементалӣ, ки барои гӯшт ворид карда шудааст, шашмоҳа буда, ҳар як сар то 300-400 кг вазн дорад ва дар ин ферма чорво то 6-8 моҳ нигоҳубин карда мешавад. Дар ин муддат вазни ҳар сар чорво то ба 800-1000 кг мерасад, омадааст дар иттилоия. Бино ба андешаи мутахассисон ин зоти чорво барои истеҳсоли гушт мувофиқ буда, аз ҳар сари он то 65% гушти босифат ва бозоргир гирифта мешавад. Яъне агар вазни зиндаи чорво ба 1000 кг баробар гардад, дар ин сурат метавон то 650 кг гушт истеҳсол ва бо ин восита дар ферма дар як сол 600-650 тонна истеҳсоли гушт ба роҳ монда мешавад.Раисҷумҳур ба соҳибкор барои таъсиси чунин фермаи чорвопарварӣ изҳори сипос намуда, таъкид кардаст, ки дар шароити афзудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти гуштӣ таъсиси чунин фермаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ саривақтӣ мебошад. Тибқи омори расмӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия беш аз 190 ҳазор сар чорвори хурд ва зиёда аз 72 ҳазор сар чорвои калон парвариш меёбад.
https://sputnik.tj/20230630/barnoma-hukumat-kor-tojikiston-voridot-gusht-kohish-1057999233.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/15/1032667417_130:0:1746:1212_1920x0_80_0_0_71b867543ceae153a9be34f03d1a1ab6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интиқол, чорво, русия, тоҷикистон, фаъолият, таҷриба
интиқол, чорво, русия, тоҷикистон, фаъолият, таҷриба
Парвариши чорвои хушзоти Русия ва Белорус дар Тоҷикистон
11:49 07.07.2023 (Навсозишуда: 11:52 07.07.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолияти фермаи парвариши чорвои хушзот шинос гардид, ки таҷрибаи Русияро дар фаъолияташ кор мебарад
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо парвариши чорвои калони хушзот ва гуштии ҷамъияти "Некбахт" шинос шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ин фермаи чорвопарварӣ аз тарафи соҳибкорон Некрӯз Валиев ва Бахтиёр Валиев бунёд ёфтааст.
Ферма барои парвариши 100 сар чорво пешбинӣ ва бо ин мақсад чорвои хушзот ворид карда шудааст, афзуд манбаъ.
Ба раисҷумҳур гузориш додаанд, ки бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли гушт ва маҳсулоти гуштӣ, шир ва гирифтани чорвои хушзот дар шароити маҳал фермаи мазкур таъсис ёфт.
"Чорвои калони зоти "сементалӣ" аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус ворид карда шудааст. То имрӯз аллакай 100 сар чорво ворид гардидааст, ки аз он 25 сарашро модагов ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки чорвои калони зоти сементалӣ, ки барои гӯшт ворид карда шудааст, шашмоҳа буда, ҳар як сар то 300-400 кг вазн дорад ва дар ин ферма чорво то 6-8 моҳ нигоҳубин карда мешавад. Дар ин муддат вазни ҳар сар чорво то ба 800-1000 кг мерасад, омадааст дар иттилоия.
Бино ба андешаи мутахассисон ин зоти чорво барои истеҳсоли гушт мувофиқ буда, аз ҳар сари он то 65% гушти босифат ва бозоргир гирифта мешавад. Яъне агар вазни зиндаи чорво ба 1000 кг баробар гардад, дар ин сурат метавон то 650 кг гушт истеҳсол ва бо ин восита дар ферма дар як сол 600-650 тонна истеҳсоли гушт ба роҳ монда мешавад.
Раисҷумҳур ба соҳибкор барои таъсиси чунин фермаи чорвопарварӣ изҳори сипос намуда, таъкид кардаст, ки дар шароити афзудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти гуштӣ таъсиси чунин фермаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ саривақтӣ мебошад.
Тибқи омори расмӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия беш аз 190 ҳазор сар чорвори хурд ва зиёда аз 72 ҳазор сар чорвои калон парвариш меёбад.