Дар Душанбе форуми "Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Русия" баргузор шуд

© Вазорати фарҳанг Тоҷикистон"Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Русия"
Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Русия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Обуна шудан
Дар Душанбе мақомоти Русияву Тоҷикистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои осорхонаҳои ду кишварро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон Форуми "Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Россия" дар Осорхонаи миллӣ баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати фарщанги Тоыикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории чорабинӣ муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, муовини вазири фарҳанги Русия Преподобная Надежда, муовини директори Департаменти осорхонаҳо ва робитаҳои хориҷии Вазораи фарҳанги Русия Наталия Чечел, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мутахассисону коршиносони соҳа иштирок доштанд.
Мулоқоти муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон ва Русия дар душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Миннатдории муовини вазири Русия аз пазироии самимӣ дар Тоҷикистон
Цайд карда шудааст, ки пас аз бурридани лентаи рамзии форум иштирокчиён аз толори аксу мусаввараҳои Осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо фарҳангу ҳунар, расму оинҳои мардумӣ, аксҳои ҳунармандони санъати театру кинои тоҷик ошноӣ пайдо намуданд.
Сипас, миёни ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои осорхонаҳои Тоҷикистон ва осорхонаҳои Русия, масоили таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба, ташкилу баргузор намудани намоишҳо ва давраҳои омӯзишӣ дар бораи тармиму таҳкими осори таърихӣ, робитаҳои дуҷонибаи осорхонаҳо муколама сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0