https://sputnik.tj/20230706/sughd-dovtalabon-tahsil-donishgoh-afzud-1058120544.html
Шумораи ҷавонони илмҷӯ дар Суғд афзуд
Шумораи ҷавонони илмҷӯ дар Суғд афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 20 ҳазор хатмкунандагони макотиби Суғд барои соҳиб шудан ба унвони донишҷӯи донишгоҳ ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд
2023-07-06T19:20+0500
2023-07-06T19:20+0500
2023-07-06T19:20+0500
дар тоҷикистон
маориф
суғд
имтиҳон
довталаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058092129_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_bac50dc2e061523451e18eb0f5bbf057.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Имсол дар вилояти Суғд теъдоди довталабони донишгоҳҳо афзуд.Беш аз 20 000 нафар ба ММТ ҳуҷҷат супориданд, ки ин адад дар муқоиса ба як соли пеш беш аз 2% ва ё наздики 1000 нафар бештар аст.Раҳмат Зокирзода, сармутаххассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ 20,4 ҳазор хатмкунандаи синфи 11 -и макотиб барои донишҷӯӣ донишгоҳ шудан ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд.Бар пояи омори Идораи маориф, соли ҷорӣ 30,8 ҳазор нафар макотиби Суғдро хатм намуданд. Соли қаблӣ шумори хатмкунандаҳо ҳудуди 34 ҳазор шумурда мешуд. Масъулони Идораи маориф яке аз сабабҳои аслии афзоиши шумори довталабони донишгоҳҳоро аз роҳандозии бақайдгирии такрории Маркази миллии тестӣ дар шароити шаҳру навоҳии вилоят шарҳ доданд. Зимнан, дар кишвар маъракаи имтиҳонсупории давталабони таҳсили донишгоҳҳо тавассути Маркази миллии тестӣ ҷараён дорад. Марҳилаи аввали имтиҳонсупории довталабон ба донишгоҳ ва донишкадаҳои олии кишвар аз рӯи кластерҳо оғоз шудааст. Масъулони Маркази миллии тестӣ иддао доранд, ки ҷараёни имтиҳонсупории давталабон шаффоф буда, ҳеҷ гуна роҳҳои тақаллубӣ барои донишҷӯшавандаҳо вуҷуд надошта, балки донишу савод онҳоро дар ин роҳ комёб мегардонад. Қарор аст, то санаи 25 июл натиҷаи ҳамаи имтиҳон мушаххас шуда, ба ҳар як телефони бақайдгирифтаи довталаб паёмак ироа карда шавад.
https://sputnik.tj/20230706/mmt-dovtalabon-dermonda-imtihon-ilova-meguzaronad-1058115220.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058092129_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_665fa9b9798220067b8a46da586c6e92.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд маориф довталабон донишгоҳҳо
суғд маориф довталабон донишгоҳҳо
Шумораи ҷавонони илмҷӯ дар Суғд афзуд
Беш аз 20 ҳазор хатмкунандагони макотиби Суғд барои соҳиб шудан ба унвони донишҷӯи донишгоҳ ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Имсол дар вилояти Суғд теъдоди довталабони донишгоҳҳо афзуд.
Беш аз 20 000 нафар ба ММТ ҳуҷҷат супориданд, ки ин адад дар муқоиса ба як соли пеш беш аз 2% ва ё наздики 1000 нафар бештар аст.
Раҳмат Зокирзода, сармутаххассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ 20,4 ҳазор хатмкунандаи синфи 11 -и макотиб барои донишҷӯӣ донишгоҳ шудан ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд.
"Ба ҳисоби хатмкунандагони синфи 11 дар соли ҷорӣ, инчунин 1052 нафар онҳое, ки солҳои қабл мактабро хатм намуда буданд, худи имсол тасмим гирифтаанд, ки барои дохил шудан ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат супоранд”, - гуфт, Зокирзода.
Бар пояи омори Идораи маориф, соли ҷорӣ 30,8 ҳазор нафар макотиби Суғдро хатм намуданд. Соли қаблӣ шумори хатмкунандаҳо ҳудуди 34 ҳазор шумурда мешуд.
Масъулони Идораи маориф яке аз сабабҳои аслии афзоиши шумори довталабони донишгоҳҳоро аз роҳандозии бақайдгирии такрории Маркази миллии тестӣ дар шароити шаҳру навоҳии вилоят шарҳ доданд.
Зимнан, дар кишвар маъракаи имтиҳонсупории давталабони таҳсили донишгоҳҳо тавассути Маркази миллии тестӣ ҷараён дорад.
Марҳилаи аввали имтиҳонсупории довталабон ба донишгоҳ ва донишкадаҳои олии кишвар аз рӯи кластерҳо оғоз шудааст. Масъулони Маркази миллии тестӣ иддао доранд, ки ҷараёни имтиҳонсупории давталабон шаффоф буда, ҳеҷ гуна роҳҳои тақаллубӣ барои донишҷӯшавандаҳо вуҷуд надошта, балки донишу савод онҳоро дар ин роҳ комёб мегардонад.
Қарор аст, то санаи 25 июл натиҷаи ҳамаи имтиҳон мушаххас шуда, ба ҳар як телефони бақайдгирифтаи довталаб паёмак ироа карда шавад.