Медведев артиши Русияро муосиру қаҳрамон донист

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗампред Совбеза РФ Д. Медведев
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2023
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран новобаста аз мушкилоти мавҷуда Қувваҳои мусаллаҳи кишварашро муоссиру қаҳрамон донистааст
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев, дар шабакаи телеграмми худ гуфт, артиши Русия бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда муоссир ва қаҳрамон аст.
Медведев дар як видеои нашршуда дар шарҳи изҳороти таҳлилгарони ғарбӣ дар бораи он ки гӯё артиши Русия ақабмонда аст, гуфт қувваҳои мусаллаҳи мо бо вуҷуди он мушкилот замонавӣ ва қаҳрамон аст.
Вай таъкид кард, ки артиши Русия монанди ҳар артиши дунё, мушкилоти худро дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш оқои Медведев гуфта буд, ки сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ - яке аз роҳҳои эҳтимолии ҳалли муноқишаи давомдор бо кишварҳои ғарбӣ мебошад.
Рабочая поездка зампреда Совбеза РФ Д. Медведева в Центральный федеральный округ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2023
Пешгӯии Медведев дар мавриди оқибати бархӯрд бо Ғарб
Вай гуфт, шикасти тектоникие, ки дар фаҳмиши оянда дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба вуҷуд омадааст, метавонад танҳо бадтар шавад.
Муовини раси шӯрои амният теъкид карда буд, ки бархӯрдҳо давомноканду танҳо шиддат хоҳанд ёфт.
"Он ҷудошавии тектоникие, ки дар дарки оянда дар манотиқи мухталифи ҷаҳон ба вуҷуд омадааст, танҳо бадтар мешавад. Барои фаҳмидани он, ки марҳилаи муқовимат хеле тӯлонӣ хоҳад буд, фолбин будан лозим нест", - гуфта буд Медведев.
Лентаи хабарҳо
0