https://sputnik.tj/20230706/mahsuloti-tojikiston-ba-bozori-arabistoni-saudi-roh-meyobad-1058116980.html
Маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Арабистони Саудӣ роҳ меёбад?
Маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Арабистони Саудӣ роҳ меёбад?
Sputnik Тоҷикистон
Арабистони Сауди омодааст ба бозорҳои худ ба маҳсулоти Тоҷикистон аз ҷумла асал, меваҳои тару тоза, хушкмева ва обҳои нӯшокӣ роҳ диҳад
2023-07-06T18:55+0500
2023-07-06T18:55+0500
2023-07-06T18:55+0500
дар тоҷикистон
арабистони саудӣ
содирот
маҳсулот
оби нӯшокӣ
хушкмева
мева
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/06/1058116624_0:304:1281:1024_1920x0_80_0_0_dc8a2d568bde5fb2c9cdfa6d094adccf.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар мулоқоти директори Агентии содироти Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон масъалаи содирот намудани асал, меваҳои тару тоза, хушкмева ва обҳои нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии содироти Тоҷикистон хабар додааст.Манбаъ хабар додааст, ки дар мулоқот директори Агентии содирот доир ба самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ маълумот дода, иброз дошт, ки пешбурди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо давлатҳои дунё ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Баҳриддин Сироҷиддинзода афзуд, ки Арабистони Саудӣ дорои захираҳои ғании табиӣ ва таҷрибаи бой дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили саноати нафту газ, сохтмон, молия ва сармоягузорӣ мебошад.Изҳори итминон гардид, ки аз таҷриба, технология ва инноватсияи ин мамлакат мубодила намуда, ба инкишофи соҳа тақвият бахшем.Дар мулоқот қайд карда шудааст, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, бофандагӣ, электроэнергетика ва ғайра иқтидори бузург дошта, метавонад ширкатҳои Саудиро барои ҳамкорӣ ба ин соҳа ҷалб намояд.Сафир Валид ибни Абдураҳмонар-Решайдон доир ба вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуда, барои мусоидат дар рушди фаъолияти доираи соҳибкорон байни давлатҳо, афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба тавассути ҳамкорӣ бо Агентии содироти Арабистони Саудӣ ва дар ба роҳ мондани содироти асал, меваҳои тару тоза, хушкмева ва обҳои нӯшокӣ ба Арабистони Саудӣ омодагиро иброз намуд.
https://sputnik.tj/20230705/iftitohi-akademiyai-zabonomuzi-tojikiston-arabistoni-saudi-1058099282.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/06/1058116624_0:184:1281:1144_1920x0_80_0_0_fb8aeeb2e2d9c3361e4d8600cf4d9ed5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, арабистони саудӣ, содирот, маҳсулот, бозор, мева, асал, мева, хушкмева, оби нӯшокӣ. сафир, агентии содирот
тоҷикистон, арабистони саудӣ, содирот, маҳсулот, бозор, мева, асал, мева, хушкмева, оби нӯшокӣ. сафир, агентии содирот
Маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Арабистони Саудӣ роҳ меёбад?
Арабистони Сауди омодааст ба бозорҳои худ ба маҳсулоти Тоҷикистон аз ҷумла асал, меваҳои тару тоза, хушкмева ва обҳои нӯшокӣ роҳ диҳад
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар мулоқоти директори Агентии содироти Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон масъалаи содирот намудани асал, меваҳои тару тоза, хушкмева ва обҳои нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии содироти Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаъ хабар додааст, ки дар мулоқот директори Агентии содирот доир ба самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ маълумот дода, иброз дошт, ки пешбурди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо давлатҳои дунё ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Баҳриддин Сироҷиддинзода афзуд, ки Арабистони Саудӣ дорои захираҳои ғании табиӣ ва таҷрибаи бой дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили саноати нафту газ, сохтмон, молия ва сармоягузорӣ мебошад.
Изҳори итминон гардид, ки аз таҷриба, технология ва инноватсияи ин мамлакат мубодила намуда, ба инкишофи соҳа тақвият бахшем.
Дар мулоқот қайд карда шудааст, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, бофандагӣ, электроэнергетика ва ғайра иқтидори бузург дошта, метавонад ширкатҳои Саудиро барои ҳамкорӣ ба ин соҳа ҷалб намояд.
Сафир Валид ибни Абдураҳмонар-Решайдон доир ба вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуда, барои мусоидат дар рушди фаъолияти доираи соҳибкорон байни давлатҳо, афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба тавассути ҳамкорӣ бо Агентии содироти Арабистони Саудӣ ва дар ба роҳ мондани содироти асал, меваҳои тару тоза, хушкмева ва обҳои нӯшокӣ ба Арабистони Саудӣ омодагиро иброз намуд.