“Lufthansa” ва “Сомон эйр” барои ҷалби саёҳон ба Тоҷикистон талош хоҳанд кард

© Кумитаи рушди сайёҳии ТоҷикистонМулоқоти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо "Сомон эйр" ва “Lufthansa”
Мулоқоти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Сомон эйр ва “Lufthansa”  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2023
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд ширкати “Lufthansa Consulting” барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати рушди сайёҳӣ ҳавасмандии худро иброз намудааст
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ вохурии Муовини Раис Салимзода Зиёдулло бо намояндагони ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва ширкати Луфтганза Консалтинг (Lufthansa Consulting) баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳо барои рушди сайёҳӣ таблиғу ташвиқ намудани имкониятҳои сайёҳӣ баррасӣ шуд.
Ҳамзамон масъулини Кумитаи рушди сайёҳӣ бо намояндагони ин ду ширкатҳои ҳавопаймоӣ масъалаи таблиғу ташвиқ кардани мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистонро тавассути буклетҳо ва брошураҳои таблиғотӣ дар нишастгоҳҳои мизоҷони ширкатҳои ҳавопаймии “Сомон Эйр” ва Луфтганза Консалтинг (Lufthansa Consulting) муҳокима карданд.
Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот, намояндагони ширкати Луфтганза Консалтинг (Lufthansa Consulting) барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати рушди сайёҳӣ шиносоии бештар бо таъриху фарҳанг, табиат, инфрасохтори сайёҳӣ ва намудҳои сайёҳӣ аз ҷумла, сайёҳии куҳнаварди, шикори байналмилалӣ, сайёҳии саломатӣ ва осоишгоҳҳо ҳавасмандии худро иброз намуд.
Лыжный сезон в Сафед-Даре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2023
Боздиди гардишгарон аз Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои пеш аз пандемия наздик шуд
Ёдовар мешавем, ки шумораи сайёҳони аз Тоҷикистон боздидкарда дар соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ 3,4 баробар афзоиш ёфтааст.
Бино ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии гардишгарӣ дар 12 моҳ 1 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Қаблан чунин нишондодҳо танҳо дар соли пеш аз COVID-2019 ба даст омада буданд, ки 1,3 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар ташриф овардаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳудуди 97 дарсади воридшудагон аз ду кишвар: Ӯзбекистон (778 ҳазор нафар) ва Русия (280 ҳазор нафар) омадаанд.
Ҳамчунин аз Қазоқистон, Туркия, ИМА, Эрон, Чин, Қирғизистон, Ҳинд ва Афғонистон бо мақсади саёҳат омадаанд.
Дар ҳамин ҳол, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соли 2022 тарки кишвар кардаанд, низ афзоиш ёфта, ба 2,6 миллион нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2021 2,1 баробар зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0