https://sputnik.tj/20230705/sad-baza-nav-sifati-internet-tojikiston-1058107375.html
Садҳо базаи нав сифати интернет дар Тоҷикистонро беҳтар карданд?
Садҳо базаи нав сифати интернет дар Тоҷикистонро беҳтар карданд?
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар пайи танқиди раисҷумҳур аз сифати интернет дар кишвар дар шаҳру навоҳӣ садҳо таҷҳизоти навро расб кардааст
2023-07-05T20:01+0500
2023-07-05T20:01+0500
2023-07-05T20:01+0500
дар тоҷикистон
интернет
сифат
алоқа
мобилӣ
хадамоти алоқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101621/30/1016213094_0:244:1365:1012_1920x0_80_0_0_52431c800fc681cbed8f6d5882ea6dc9.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар саросари кишвар ҳудуди 340 истгоҳи базавӣ насб кардаанд, иттилоъ дод муовини раиси Хадамоти алоқаи кишвар, Илҳомҷон Атоев. Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои мобилӣ дар нимсолаи аввали соли равон дар насби истгоҳҳои базавӣ, аз он ҷумла модернизатсия, кӯчонидани базаҳо ба ҷойи нав, низ пеш рафта, даҳҳо истгоҳи базавии иловагиро дар саросари кишвар насб кардаанд. Тибқи иттилои ин ниҳод, тайи ним соли гузашта ширкатҳои “Вавилон-Мобайл”-95, “Таком”- 39 адад, “ТТ мобайл” - 190 ва “Индиго Тоҷикистон” 15 истгоҳи базавии нав насб карда, инчунин 57 истгоҳи базавӣ аз модернизатсия гузаронида шуданд.Фақат дар 5 моҳи соли равон дар Душанбе - 152, Навоҳии обеъи марказ - 65, вилоятҳои Хатлон - 47, Суғд – 32 ва Кӯҳистони Бадахшон – 10, ҷамъ 306 истгоҳи базавӣ ба кор даромадааст. Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, раванди насбу роҳандозии истгоҳҳои базавии алоқаи мобилии ширкатҳои мобилӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо дастгирии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.“Дар минтақаҳое, ки аз тарафи шаҳрвандон монеаҳо эҷод шуда буданд, ҳамаи он бартараф гардида, базаҳои иловагии ширкатҳои мобилии фавқуззикр насб карда шуданд”, - Атоев. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми ироаи паёми солонаи худ ба парлумон дар моҳи декабри соли гузашта аз сифати паст ва арзиши баланди хизматрасониҳои мобилӣ ва интернет дар кишвар интиқод карда, ба Хадамоти алоқа супориш дода буд, ки тадбирҳои зарурӣ ва мушаххасро рӯи даст гирад.
https://sputnik.tj/20230705/kohish-arzishi-khizmatrasoni-aloqa-mobili-tojikiston-1058100944.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101621/30/1016213094_0:175:1365:1199_1920x0_80_0_0_6d55562104fc6818883f0300df68431f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
насб, база, алоқа, мобилӣ, тоҷикистон, шаҳр, навоҳӣ
насб, база, алоқа, мобилӣ, тоҷикистон, шаҳр, навоҳӣ
Садҳо базаи нав сифати интернет дар Тоҷикистонро беҳтар карданд?
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар пайи танқиди раисҷумҳур аз сифати интернет дар кишвар дар шаҳру навоҳӣ садҳо таҷҳизоти навро расб кардааст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар саросари кишвар ҳудуди 340 истгоҳи базавӣ насб кардаанд, иттилоъ дод муовини раиси Хадамоти алоқаи кишвар, Илҳомҷон Атоев.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои мобилӣ дар нимсолаи аввали соли равон дар насби истгоҳҳои базавӣ, аз он ҷумла модернизатсия, кӯчонидани базаҳо ба ҷойи нав, низ пеш рафта, даҳҳо истгоҳи базавии иловагиро дар саросари кишвар насб кардаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, тайи ним соли гузашта ширкатҳои “Вавилон-Мобайл”-95, “Таком”- 39 адад, “ТТ мобайл” - 190 ва “Индиго Тоҷикистон” 15 истгоҳи базавии нав насб карда, инчунин 57 истгоҳи базавӣ аз модернизатсия гузаронида шуданд.
Фақат дар 5 моҳи соли равон дар Душанбе - 152, Навоҳии обеъи марказ - 65, вилоятҳои Хатлон - 47, Суғд – 32 ва Кӯҳистони Бадахшон – 10, ҷамъ 306 истгоҳи базавӣ ба кор даромадааст.
Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, раванди насбу роҳандозии истгоҳҳои базавии алоқаи мобилии ширкатҳои мобилӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо дастгирии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
“Дар минтақаҳое, ки аз тарафи шаҳрвандон монеаҳо эҷод шуда буданд, ҳамаи он бартараф гардида, базаҳои иловагии ширкатҳои мобилии фавқуззикр насб карда шуданд”, - Атоев.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми ироаи паёми солонаи худ ба парлумон дар моҳи декабри соли гузашта аз сифати паст ва арзиши баланди хизматрасониҳои мобилӣ ва интернет дар кишвар интиқод карда, ба Хадамоти алоқа супориш дода буд, ки тадбирҳои зарурӣ ва мушаххасро рӯи даст гирад.