Омодагии мунтахаби футзали Тоҷикистон ба "CAFA Futsal Cup-2023"

© ФФТНациональная сборная Таджикистана по футзалу под руководством главного тренера Пайрава Вохидова одержала крупную победу над сборной Непала со счетом 11:1
Национальная сборная Таджикистана по футзалу под руководством главного тренера Пайрава Вохидова одержала крупную победу над сборной Непала со счетом 11:1 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Обуна шудан
Мунтахаби футзали Тоҷикистон пеш аз мусобиқаи "CAFA Futsal Cup-2023" дар шаҳри Гулистони вилотяи Суғд ҷамъомади тамринӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Мусобиқаи "CAFA Futsal Cup-2023" дар шаҳри Гулистон ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ мегузаронад, иттилоъ додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, барои ҷамъомади дуҳафтаинаи тамринӣ, ки аз 7 то 21 июл дар Осоишгоҳи "Баҳористон"-и шаҳри Гулистон баргузор мешавад, ситоди мураббиён 18 бозингар – 4 дарвозабон ва 14 футзалбозро даъват намудаанд.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рӯйхати ниҳоии даста 14 бозингар шомил карда мешавад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов ("Истиқлол"), Фирӯз Бозмамадов ("Соро компания"), Муродулло Алиқулов ("Амонатбонк"), Лоиқ Давлатов ("КПРФ-2, Русия);
Мусобиқаи футбол миёни ҷавонони муҳоҷири тоҷик ва дигар милатҳо дар Уляновск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2023
Мусобиқаи футбол миёни ҷавонони муҳоҷири тоҷик ва дигар миллатҳо дар Уляновск
Бозигарон: Дилшод Саломов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз "Соро компания"), Комрон Алиев, Некрӯз Идиев, Насратшо Исмоилов (ҳама аз "Истиқлол"), Умед Кузиев, Фаридун Неъматов (ҳарду аз "Амонатбонк"), Баҳодур Хоҷаев ("Истаравшан").
Бояд гуфт, ки дар Мусобиқаи "CAFA Futsal Cup-2023" мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахабҳои миллии Ӯзбекистон (23 июл), Туркманистон (24 июл), Қирғизистон (26 июл), Афғонистон (28 июл) ва Эрон (30 июл) рақобат мекунад. Бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ доир мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0