https://sputnik.tj/20230705/kadom-roh-sughd-basta-tasvirbayon-1058098883.html
Кадом роҳҳо дар Суғд баста хоҳанд буд - тасвирбаён
Кадом роҳҳо дар Суғд баста хоҳанд буд - тасвирбаён
Sputnik Тоҷикистон
Ба далели сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд дар роҳҳои бархе аз шаҳру навоҳии шимоли кишвар маҳдудиятҳо амал хоҳанд кард 05.07.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-07-05T14:50+0500
2023-07-05T14:50+0500
2023-07-05T16:41+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
тасвирбаён
роҳ
ҳаракат
маҳдудият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058094483_1:0:1281:720_1920x0_80_0_0_2de0b9568d6fddd07dcf10c688e9cc14.png
Раёсати БДА дар Суғд тавзеҳ дод, ки маҳдудияти ҳаракат кай ва дар кадом масирҳо ҷорӣ хоҳанд шуд. Ба иттилои ин ниҳод, маҳдудиятҳои муваққатӣ аз санаи 5 июл то 8 июл давом хоҳад кард. Дар феҳрасти масирҳо оварда шудааст, ки 5 июл дар роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент, кӯчаҳои маркази ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, шаҳри Суғдиёни то деҳаи Филдармони шаҳри Панҷакент маҳдудиятҳо амал хоҳанд кард. Инчунин 6 июл, кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Ғафуров, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ –Рифат Хоҷиев – 25 солагии Истиқлолият – Султон Умаров - Сирдарё то тавалудхонаи шаҳри Хуҷанд, давраи Ором, ҷамоати Дадобой Холматов то шаҳри Гулитстон баст хоҳанд шуд. Оғози сафари 4-рӯзаи Раҳмон ба Суғд Рӯзи 7 июл маҳдудияти ҳаракат дар кӯчаҳои маркази ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоатҳои Навбунёд, Палдорак, Оббурдон то деҳаи Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ ҷорӣ мегарданд. Ниҳоят 8 июл ҳаракат кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон – роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои Гагарин, Бобоҷон Ғафуров то маҳаллаи Нави шаҳри Бӯстон, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ – Солеҳ Раҷобов ва Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд масдуд мешавад. Мақомоти БДА аз ронандаҳо даъват кардаанд, ки дар чунин рӯзҳо аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058094483_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_4b9073cc3cbd2bdad93213eba93511bf.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақлиёт, тасвирбаён, роҳ, ҳаракат, маҳдудият, инфографика
дар тоҷикистон, нақлиёт, тасвирбаён, роҳ, ҳаракат, маҳдудият, инфографика
Кадом роҳҳо дар Суғд баста хоҳанд буд - тасвирбаён
14:50 05.07.2023 (Навсозишуда: 16:41 05.07.2023) Ба далели сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд дар роҳҳои бархе аз шаҳру навоҳии шимоли кишвар маҳдудиятҳо амал хоҳанд кард
Раёсати БДА дар Суғд тавзеҳ дод, ки маҳдудияти ҳаракат кай ва дар кадом масирҳо ҷорӣ хоҳанд шуд. Ба иттилои ин ниҳод, маҳдудиятҳои муваққатӣ аз санаи 5 июл то 8 июл давом хоҳад кард.
Дар феҳрасти масирҳо оварда шудааст, ки 5 июл дар роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент, кӯчаҳои маркази ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, шаҳри Суғдиёни то деҳаи Филдармони шаҳри Панҷакент маҳдудиятҳо амал хоҳанд кард.
Инчунин 6 июл, кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Ғафуров, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ –Рифат Хоҷиев – 25 солагии Истиқлолият – Султон Умаров - Сирдарё то тавалудхонаи шаҳри Хуҷанд, давраи Ором, ҷамоати Дадобой Холматов то шаҳри Гулитстон баст хоҳанд шуд.
Рӯзи 7 июл маҳдудияти ҳаракат дар кӯчаҳои маркази ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоатҳои Навбунёд, Палдорак, Оббурдон то деҳаи Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ ҷорӣ мегарданд.
Ниҳоят 8 июл ҳаракат кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон – роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои Гагарин, Бобоҷон Ғафуров то маҳаллаи Нави шаҳри Бӯстон, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ – Солеҳ Раҷобов ва Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд масдуд мешавад.
Мақомоти БДА аз ронандаҳо даъват кардаанд, ки дар чунин рӯзҳо аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунанд.