https://sputnik.tj/20230705/hukumat-davlati-kardani-litseyi-oqokhon-1058090560.html
Ҳукумат давлатӣ кардани литсейи Оқохонро дар Хоруғ тасдиқ кард
Ҳукумат давлатӣ кардани литсейи Оқохонро дар Хоруғ тасдиқ кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман давлатӣ шудани литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғро тасдиқ карданд
2023-07-05T12:50+0500
2023-07-05T12:50+0500
2023-07-05T13:00+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
дониш
оқохон
хоруғ
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101342/56/1013425630_0:151:1600:1051_1920x0_80_0_0_b05b39d220d815137e8c4eac861b47b7.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Собиқ литсейи Оқохон дар оянда ҳамчун литсейи давлатӣ барои кӯдакони болаёқат фаъолият хоҳад кард. Дар ин бора ҳукумати ВМКБ бо нашри як иттилоия иттилоъ дода, афзудаст, ки муассиса бо нигоҳ доштани шароитҳои пештара фаъолияташро ба роҳ мемонад. "Ҳамзамон ду муассисаи томактабие, ки дар назди литсейи пештара фаъолият доштанд, низ дар асоси "Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ" таълиму тарбияро идома медиҳанд", - омадааст дар иттилоия. Манбаъ таъкид намудаст, ки омӯзгорони собиқ литсейи Оқохон фаъолияти омӯзгории худро дар литсейи давлатӣ барои кудакони болаёқат идома медиҳанд. Ба иттилои ҳукумати ВМКБ, ҳамчунин беш аз 1,1 ҳазор хонандае, ки дар собиқ литсейи Оқохон таҳсил намуданд, низ таҳсилашонро дар литсейи давлатӣ тибқи барномаи давлатие, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, идома медиҳанд.Ҳукумати ВМКБ таъкид кардаст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта сатҳи сифати таҳсилотро дар доираи барномаҳои таълимии давлатӣ дар сатҳи зарурӣ нигоҳ медорад.Литсейи Оқохон даҳсолаҳо дар шаҳри Хоруғ фаъолият дошта, аз ҷумлаи маъруфтарин муассисаҳои таълимии ВМКБ ба шумор мерафт, ки хатмкунандаҳои он дар донишгоҳҳои байналмилалӣ таҳсилашонро давом медоданд.
https://sputnik.tj/20230607/rusiya-kvota-tahsil-khorijiyon-ziyod-1057590080.html
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101342/56/1013425630_0:0:1600:1200_1920x0_80_0_0_8a4eb0be6356aab39f5e54e82494e454.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
литсей, оқохон, давлатӣ, ҳукумат, вмкб, хоруғ
литсей, оқохон, давлатӣ, ҳукумат, вмкб, хоруғ
Ҳукумат давлатӣ кардани литсейи Оқохонро дар Хоруғ тасдиқ кард
12:50 05.07.2023 (Навсозишуда: 13:00 05.07.2023) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман давлатӣ шудани литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғро тасдиқ карданд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Собиқ литсейи Оқохон дар оянда ҳамчун литсейи давлатӣ барои кӯдакони болаёқат фаъолият хоҳад кард.
Дар ин бора ҳукумати ВМКБ бо нашри як иттилоия иттилоъ дода, афзудаст, ки муассиса бо нигоҳ доштани шароитҳои пештара фаъолияташро ба роҳ мемонад.
"Ҳамзамон ду муассисаи томактабие, ки дар назди литсейи пештара фаъолият доштанд, низ дар асоси "Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ" таълиму тарбияро идома медиҳанд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид намудаст, ки омӯзгорони собиқ литсейи Оқохон фаъолияти омӯзгории худро дар литсейи давлатӣ барои кудакони болаёқат идома медиҳанд.
Ба иттилои ҳукумати ВМКБ, ҳамчунин беш аз 1,1 ҳазор хонандае, ки дар собиқ литсейи Оқохон таҳсил намуданд, низ таҳсилашонро дар литсейи давлатӣ тибқи барномаи давлатие, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, идома медиҳанд.
Ҳукумати ВМКБ таъкид кардаст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта сатҳи сифати таҳсилотро дар доираи барномаҳои таълимии давлатӣ дар сатҳи зарурӣ нигоҳ медорад.
Литсейи Оқохон даҳсолаҳо дар шаҳри Хоруғ фаъолият дошта, аз ҷумлаи маъруфтарин муассисаҳои таълимии ВМКБ ба шумор мерафт, ки хатмкунандаҳои он дар донишгоҳҳои байналмилалӣ таҳсилашонро давом медоданд.