https://sputnik.tj/20230704/putin-hissa-rubl-dodugirift-kishvar-shsh-1058072489.html
Путин ҳиссаи рубл дар додугирифт бо кишварҳои узви СҲШ-ро гуфт
Путин ҳиссаи рубл дар додугирифт бо кишварҳои узви СҲШ-ро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Русия ҷонибдори ҳамкориҳо бо кишварҳои СҲШ дар як қатор бахшҳо – аз сармоягузорӣ то саноату ҳамлу нақл ва низоми бонкию молиявӣ мебошад
2023-07-04T17:55+0500
2023-07-04T17:55+0500
2023-07-04T17:55+0500
дар русия
владимир путин
сҳш
ҳамкорӣ
чин
рубл
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057139062_0:29:3077:1760_1920x0_80_0_0_a7284f39f3f8221303105fc349f83204.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ҳаҷми муомилоти мол миёни Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) хеле афзоиш ёфтааст.Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки ба таври онлайнӣ баргузор мешавад, изҳор дошт. Вай аз ҷумла зикр намуд, ки дар давраи аз январ то апрели соли равон муомилоти мол бо кишварҳои дигари узви созмон 35% афзуд.Ба гуфтаи вай, Русия ҷонибдори густариши ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ дар бахшҳои мухталиф - аз сармоягузорӣ то саноат ва логистика мебошад. Аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахши бонкиву молӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, коммуникатсия, рақамисозӣ ва технологияҳои олиро ояндадор арзёбӣ намуд. Путин афзуд, ки монеаҳои танзимотӣ дар ташкили инфрасохтори пардохт бояд бартараф шаванд ва як низоми мустақили молиявӣ дар масъалаи тиҷорати мутақобилан байни давлатҳоро зарур донист. Вай ҳамчунин зикр кард, ки беш аз 80%-и муомилоти тиҷорӣ миёни Русия ва Чин бо рубл ва юан сурат мегирад. Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи пули русӣ дар муомилоти содиротӣ бо ҳамаи кишварҳои СҲШ дар соли 2022 аз 40% гузашт, гуфт ӯ. Дар Деҳлии Ҳиндустон нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз тариқи виртуалӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони кишварҳои узв иштироку суханронӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20230704/nishast-saroni-kishvarhoi-uzvi-shsh-mustaqim-1058064570.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057139062_346:0:3077:2048_1920x0_80_0_0_e7a124fc169eb77cdefbcd5b71f1187f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешниҳод, путин, ҷаласа, сарон, кишвар, узв, сҳш
пешниҳод, путин, ҷаласа, сарон, кишвар, узв, сҳш
Путин ҳиссаи рубл дар додугирифт бо кишварҳои узви СҲШ-ро гуфт
Русия ҷонибдори ҳамкориҳо бо кишварҳои СҲШ дар як қатор бахшҳо – аз сармоягузорӣ то саноату ҳамлу нақл ва низоми бонкию молиявӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Ҳаҷми муомилоти мол миёни Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) хеле афзоиш ёфтааст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки ба таври онлайнӣ баргузор мешавад, изҳор дошт.
Вай аз ҷумла зикр намуд, ки дар давраи аз январ то апрели соли равон муомилоти мол бо кишварҳои дигари узви созмон 35% афзуд.
Ба гуфтаи вай, Русия ҷонибдори густариши ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ дар бахшҳои мухталиф - аз сармоягузорӣ то саноат ва логистика мебошад.
Аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахши бонкиву молӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, коммуникатсия, рақамисозӣ ва технологияҳои олиро ояндадор арзёбӣ намуд.
Путин афзуд, ки монеаҳои танзимотӣ дар ташкили инфрасохтори пардохт бояд бартараф шаванд ва як низоми мустақили молиявӣ дар масъалаи тиҷорати мутақобилан байни давлатҳоро зарур донист.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки беш аз 80%-и муомилоти тиҷорӣ миёни Русия ва Чин бо рубл ва юан сурат мегирад. Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи пули русӣ дар муомилоти содиротӣ бо ҳамаи кишварҳои СҲШ дар соли 2022 аз 40% гузашт, гуфт ӯ.
Дар Деҳлии Ҳиндустон нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз тариқи виртуалӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони кишварҳои узв иштироку суханронӣ намуданд.