Ҷонибдории СҲШ аз стратегияи пешниҳодкардаи Эмомалӣ Раҳмон

© Sputnik / Амир ИсаевПодпись документа. архивное фото
Подпись документа. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Обуна шудан
Роҳбари Тоҷикистон изҳори боварӣ намудаст, ки татбиқи ин тарҳ ба пешрафти стратегии Созмон бо таваҷҷуҳ ба рушди рӯзномаи "сабз" мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2030 аз ҷониби сарони кишварҳои узви созмон ҷонибдкорӣ карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод. Президент Эмомалӣ Раҳмон, зимни ҷаласаи онлайнии сарони кшварҳои узви СҲШ таҳти раёсати Ҳинд таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодро пешниҳод кард.
Зимни рӯзномаи иқтисодӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба истифодаи пурраи имконоти мавҷуда ва бартариҳои рақобатӣ барои рушди давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай даъват кард, изҳор дошт дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ин вазифаҳо асоси Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхайро барои давраи то соли 2030, ки бо ибтикори Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, ташкил медиҳанд.
Люди собираются вокруг разноцветных яиц на площади Азади в Тегеране во время празднования Навруза, Иран 20 марта 2023 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Эрон узви комили Созмони ҳамкории Шонгҳой шуд
Роҳбари Тоҷикистон изҳори боварӣ намудаст, ки татбиқи ин тарҳ ба пешрафти стратегии Созмон бо таваҷҷуҳ ба рушди рӯзномаи "сабз" мусоидат хоҳад кард.
Аз рӯи натиҷаҳои саммит сарони давлатҳои аъзои СҲШ ташаббуси президенти Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, бо қарори дахлдор Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2030-ро тасдиқ карданд, афзуд манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ дар доираи ин ҳамоиш хостори таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмон шуда, ташкили низоми мустақили бонкию молиявиро зарур хонд.
Лентаи хабарҳо
0