Бархӯрди ду "Опел" 11 кушта барҷой гузошт: Шарҳи ВКД

© unsplash/Clark Van Der BekenАвтомобильная авария
Автомобильная авария - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон омилҳои бархӯрди ду худрави "Опел" дар ҳудуди ноҳияи Файзободро, ки куштаҳои зиёд барҷой гузошт, тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Бар асари бархӯрди ду сабукрав дар роҳи Ваҳдат - Роғун нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", сокини 30-солаи ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Роғун ба самти муқобили ҳаракат баромадааст.
Манбаъ афзуд, ки нақзи қоида дар ҳудуди деҳаи Шаҳтакиёни ноҳияи Файзобод рух дода, "Опел-Астра" бо атомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", таҳти идораи сокини 19-солаи ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа худи ронандаи "Опел-Вектра" ва мусофиронаш духтари 17-сола, духтарчаи 5-сола, ҷавонмардони 25-сола ва 22-сола ва писари 17-сола ба ҳалокат расидааст.
Сотрудники ГАИ города Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2023
Ид мотам шуд: Чанд кӯдак дар роҳҳои Тоҷикистон қурбонӣ шуданд?
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ҳамаи ҳалокшудагон дар ин худрав сокинони ноҳияи Файзобод будаанд.
Мусофирони автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", занони 64-сола ва 26-сола, духтари ноболиғи 16-сола, писарчаи 6-сола ва 2-сола ба ҳалокат расидаанд.
Таъкид шудааст, ки мусофирони ин мошин сокинони шаҳри Ваҳдат мебошад.
ВУД мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" ва 3 мусофири дигари ин мошин, аз ҷумла ду хурдсол маҷруҳ шуда, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон садҳо нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ё маҷруҳ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0