https://sputnik.tj/20230704/amniyat-istiqloliyat-dolarzudoi-raisjumhur-eron-shsh-1058079059.html
Аз амният ва истиқлолият то долларзудоӣ: Раисҷумҳури Эрон дар СҲШ аз чӣ гуфт
Аз амният ва истиқлолият то долларзудоӣ: Раисҷумҳури Эрон дар СҲШ аз чӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Эрон боварӣ дорад, ки пайвастани Теҳрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ба рушди ин иттиҳодия мусоидат хоҳад кард
2023-07-04T19:25+0500
2023-07-04T19:25+0500
2023-07-05T19:58+0500
сҳш
эрон
ҳамкорӣ
амният ва мудофиа
истиқлолият
таваҷҷуҳ
иқтисод
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/08/1055376547_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_f7f3a0e3e2e415173c6cf04353b5b539.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ гуфт, узвият дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) барои кишвараш дар таҳкими амният, таъмини истиқлолият ва рушди устувори иқтисодӣ шароит фароҳам месозад."Мо бовар дорем, ки узвияти комил дар ин созмони муҳим (СҲШ) ба Эрон шароит барои амнияти дастаҷамъӣ, имкони рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини истиқлолиятро ба андозаи бештаре фароҳам месозад", - таъкид кард Иброҳим Расиӣ дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ).Раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ таъкид кард, ки пайвастани Теҳрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ба рушди ин иттиҳодия мусоидат хоҳад кард.Ба гуфтаи вай, зарфияти Эрон метавонад суръати рушди СҲШ-ро суръат бахшад.Вай ҳамчунин ба зарурати муқовимат ба иқдомҳои якҷонибаи Иёлоти Муттаҳида бо роҳи таҳкими шарикӣ кишварҳои узви СҲШ, таҳкими зерсохторҳо ва робитаҳои бонкиву молӣ дар СҲШ ишора кард.Раисӣ ҳамчунин ба амнияти энержӣ ҳамчун як соҳае, аст, ки ба он бояд таваҷҷуҳ дод, ишора кард.Ҳамзамон раисҷумҳури Эрон илова кард, ки доллар ҳамчун василаи гегемонияи Ғарб бояд аз амалияи ҷаҳонӣ хориҷ карда шавад, то низоми нави иқтисодӣ ба вуҷуд ояд, гуфт президент Иброҳим Раисӣ."Султаталабии ҷаҳони ғарбӣ ба бартарии доллар мусоидат мекунад. Барои эҷоди як низоми нави иқтисодӣ ин абзори султаталабиро аз амалияи ҷаҳонӣ бояд аз байн бурдан, дар ҳисоббаробаркунӣ байни кишварҳо бояд пули миллӣ истифода шавад", - гуфт зимни суханронӣ оқои Раисӣ.
https://sputnik.tj/20230704/eron-uzviyat-komil-sozmon-hamkori-shonghoy-1058071734.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/08/1055376547_39:0:2770:2048_1920x0_80_0_0_5bafb6ddf7027be9a9dd379db7c44e88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, русия, сҳш, раисҷумҳур, теҳрон, рушд, иттиҳодия, истиқлолият, амният, иброҳим раисӣ
эрон, русия, сҳш, раисҷумҳур, теҳрон, рушд, иттиҳодия, истиқлолият, амният, иброҳим раисӣ
Аз амният ва истиқлолият то долларзудоӣ: Раисҷумҳури Эрон дар СҲШ аз чӣ гуфт
19:25 04.07.2023 (Навсозишуда: 19:58 05.07.2023) Раисҷумҳури Эрон боварӣ дорад, ки пайвастани Теҳрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ба рушди ин иттиҳодия мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ гуфт, узвият дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) барои кишвараш дар таҳкими амният, таъмини истиқлолият ва рушди устувори иқтисодӣ шароит фароҳам месозад.
"Мо бовар дорем, ки узвияти комил дар ин созмони муҳим (СҲШ) ба Эрон шароит барои амнияти дастаҷамъӣ, имкони рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини истиқлолиятро ба андозаи бештаре фароҳам месозад", - таъкид кард Иброҳим Расиӣ дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ).
Раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ таъкид кард, ки пайвастани Теҳрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ба рушди ин иттиҳодия мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи вай, зарфияти Эрон метавонад суръати рушди СҲШ-ро суръат бахшад.
“Бидуни шак, ширкати фаъол Эрон дар кори Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва ҳамчунин узвияти Эрон як рӯйдоди муҳим дар таърихии ин созмон аст.
Вай ҳамчунин ба зарурати муқовимат ба иқдомҳои якҷонибаи Иёлоти Муттаҳида бо роҳи таҳкими шарикӣ кишварҳои узви СҲШ, таҳкими зерсохторҳо ва робитаҳои бонкиву молӣ дар СҲШ ишора кард.
Раисӣ ҳамчунин ба амнияти энержӣ ҳамчун як соҳае, аст, ки ба он бояд таваҷҷуҳ дод, ишора кард.
Ҳамзамон раисҷумҳури Эрон илова кард, ки доллар ҳамчун василаи гегемонияи Ғарб бояд аз амалияи ҷаҳонӣ хориҷ карда шавад, то низоми нави иқтисодӣ ба вуҷуд ояд, гуфт президент Иброҳим Раисӣ.
"Султаталабии ҷаҳони ғарбӣ ба бартарии доллар мусоидат мекунад. Барои эҷоди як низоми нави иқтисодӣ ин абзори султаталабиро аз амалияи ҷаҳонӣ бояд аз байн бурдан, дар ҳисоббаробаркунӣ байни кишварҳо бояд пули миллӣ истифода шавад", - гуфт зимни суханронӣ оқои Раисӣ.