Варзишгоҳи марказии Хоруғ навсозӣ мешавад

CC BY-SA 4.0 / Корвин Нижегородов / Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2023
Обуна шудан
Ба истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ сохтмону навсозии даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ азнавосозӣ мегардад, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон.
Ба иттилои манбаъ, дар ин иншооти варзишӣ баъди навсозӣ дар баробари муҳайё сохтани шароит барои бозии футбол, инчунин майдони баскетбол, волейбол, корти теннис ва пайроҳа барои дав низ бо тарҳи муосир омода мегарданд.
Таъкид гардид, ки азнавсозии Варзишгоҳи марказии шаҳр бо дастгирии ҳукумат тибқи барномаи "Лоиҳаи устуворгардонии шаҳри Хоруғ" амалӣ мешавад.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи нави варзишгоҳи марказӣ, раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот ба пудратчиён барои саривақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти варзишӣ дастур дод.
Матч между сборными Таджикистана и Монголии по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2023
Таътил дар чемпионати футболи Тоҷикистон
Раиси вилоят ҳамчунин бобати иваз намудани курсиҳои варзишгоҳ низ ба масъулин супоришҳои иловагӣ додаст. Дар доираи азнавсозии Вазишгоҳи марказӣ, ҳамзамон 2,8 км кучаи марказии шаҳри Хоруғ чароғон карда мешавад, омадааст дар иттилоия.
Тибқи омори расмӣ, ба ҳолати оғози соли равон дар кишвар, наздики 10,8 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият доранд.
Дар ин феҳраст аз ҷумла 126 варзишгоҳ, наздики 7,5 ҳазор майдончаи варзишӣ, беш аз 2,2 ҳазор толори варзишӣ, 94 ҳавзи шиноварӣ, 84 маҷмааю маркази солимгардонӣ ва наздки 800 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва ғайра ном бурда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0