https://sputnik.tj/20230703/shoygu-vaz-mintaqai-amaliyoti-vizha-sharh-1058055520.html
Шойгу вазъ дар минтақаи амалиёти вижаро шарҳ дод
Шойгу вазъ дар минтақаи амалиёти вижаро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Русия мегӯяд, ки артиши Русия бо зарбаҳои дақиқу муассир имконоти ҳамлаии қуваҳои мусаллаҳи Украинаро коҳиш медиҳанд
2023-07-03T20:33+0500
2023-07-03T20:33+0500
2023-07-03T20:33+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
артиши русия
амалиёти вижа
украина
донбасс
сергей шойгу
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/1c/1052502290_0:82:3070:1809_1920x0_80_0_0_89916483c0394a3db97c5a0675b66690.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар ҷаласаи ахире дар Маскав гуфт, артиши кишвараш тавассути зарбаҳои муассир иқтидори ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро коҳиш медиҳад. "Ман аз вазъи кор дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ оғоз мекунам. Қувваҳои Мусаллаҳи мо ба душман зарбаҳои тахрибкоронаро идома медиҳанд. Ин ҳамлаҳо ба таври қобили мулоҳиза имконоти артиши Украинаро коҳиш медиҳанд", - гуфт ӯ дар нишасте. Шойгу қайд кард, ки артиши Украина ба ҳадафҳои ҳамлаи ҷавобии худ дар ҳеҷ як самт ноил нашудаанд. "Дар маҷмӯъ, душман дар ҳеҷ як самт ба ҳадафҳои худ нарасид. Ин аз маҳорати сарбозони мо ва ба таври возеҳ аз ҳад зиёд баҳо додани интизориҳо аз аслиҳаи пурифтихори Ғарб шаҳодат медиҳад", - гуфт вазири дифоъ. Вай афзуд, мақомоти Украина бо исрори Ғарб аз фармондеҳии нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо вуҷуди талафоти қобили мулоҳиза идомаи ҳамларо тақозо мекунанд. "Роҳбарияти Украина талафоти ҳангуфтро ба эътибор нагирифта, бо исрори лӯхтакбозони ғарбӣ аз фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина тақозо мекунад, ки ҳамларо идома диҳад", - гуфт Шойгу.Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
https://sputnik.tj/20230703/rusiya-taktika-nav-tank-quvvaho-ukraina-1058037006.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/1c/1052502290_24:0:2755:2048_1920x0_80_0_0_4be1fb75de54bffe2808ea7462905077.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, украина, донбасс, зарбаҳо, ҳамла, шойгу, вазири дифоъ
русия, амалиёти вижа, украина, донбасс, зарбаҳо, ҳамла, шойгу, вазири дифоъ
Шойгу вазъ дар минтақаи амалиёти вижаро шарҳ дод
Вазири дифои Русия мегӯяд, ки артиши Русия бо зарбаҳои дақиқу муассир имконоти ҳамлаи қуваҳои мусаллаҳи Украинаро коҳиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар ҷаласаи ахире дар Маскав гуфт, артиши кишвараш тавассути зарбаҳои муассир иқтидори ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро коҳиш медиҳад.
"Ман аз вазъи кор дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ оғоз мекунам. Қувваҳои Мусаллаҳи мо ба душман зарбаҳои тахрибкоронаро идома медиҳанд. Ин ҳамлаҳо ба таври қобили мулоҳиза имконоти артиши Украинаро коҳиш медиҳанд", - гуфт ӯ дар нишасте.
Шойгу қайд кард, ки артиши Украина ба ҳадафҳои ҳамлаи ҷавобии худ дар ҳеҷ як самт ноил нашудаанд.
"Дар маҷмӯъ, душман дар ҳеҷ як самт ба ҳадафҳои худ нарасид. Ин аз маҳорати сарбозони мо ва ба таври возеҳ аз ҳад зиёд баҳо додани интизориҳо аз аслиҳаи пурифтихори Ғарб шаҳодат медиҳад", - гуфт вазири дифоъ.
Вай афзуд, мақомоти Украина бо исрори Ғарб аз фармондеҳии нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо вуҷуди талафоти қобили мулоҳиза идомаи ҳамларо тақозо мекунанд.
"Роҳбарияти Украина талафоти ҳангуфтро ба эътибор нагирифта, бо исрори лӯхтакбозони ғарбӣ аз фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина тақозо мекунад, ки ҳамларо идома диҳад", - гуфт Шойгу.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.