https://sputnik.tj/20230703/shoygu-sabab-nokomi-oshub-hamla-javobi-ukraina-1058050770.html
Шойгу сабаби нокомии ошӯб ва ҳамлаи ҷавобии Украинаро гуфт
Шойгу сабаби нокомии ошӯб ва ҳамлаи ҷавобии Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Русия барбод рафтани нақшаҳои ноором кардани кишвар аз тариқи ошӯб ва нокомии ҳамлаҳои Киевро натиҷаи садоқати артиш гуфт
2023-07-03T17:20+0500
2023-07-03T17:20+0500
2023-07-03T18:26+0500
дар русия
амният ва мудофиа
сергей шойгу
амалиёт
вижа
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/07/1054738211_0:0:2622:1475_1920x0_80_0_0_62ae77740150ad8153e4447e3202d8e4.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Нақшаҳои ноором кардани вазъ дар Русия дар рӯзҳои 23-25 июн ба далели садоқати артиши кишвар ноком шуданд. Ин нуктаро вазири дифои Русия, Сергей Шойгу зимни ҷаласа дар ниҳоди тобеяш баён дошт. "Ҳамин тариқ, нақшаҳои ноором кардани вазъ дар Русия пеш аз ҳама барои он барбод рафтанд, ки ҳайати шахсии нерӯҳои мусаллаҳ ба савганд ва вазифаи ҳарбии худ садоқат нишон доданд", - гуфт вазир. Ӯ таъкид намуд, ки иғвогарӣ ба амали нерӯҳои мусаллаҳ дар минтақаи амалиёти вижа таъсир нарасонд ва хизматчиёни ҳарбӣ далерона ва фидокорона ҳалли вазифаҳои дар наздашон гузошташударо идома доданд. Вазири дифоъ ҳамчунин изҳор дошт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки тақрибан як моҳ боз ҳамлаҳои бемуваффақият анҷом медиҳанд, дар ҳеҷ самт ба комёбӣ ноил нашудаанд. Ба гуфтаи Шойгу, ҳариф тақрибан 2,5 ҳазор аслиҳа, аз ҷумла 16 танки "Леопард"-ро талаф додааст. "Ин тақрибан 100%-и танкҳои ин навъ мебошанд, ки аз Лаҳистон ва Португалия интиқол дода шудаанд", - таъкид кард вазири дифоъ. Вай афзуд, аз Киев, пуштибонҳои ғарбиаш идомаи ҳамларо талаб доранд ва талош доранд, "адами муваффақият дар заминро тавассути тирборони террористӣ ба ҳадафҳои ғайринизомӣ ҷуброн кунад". Шойгу таъкид намуд, ки амалҳои касбии хизматчиёни ҳарбии Русия имкон дод, ки талафот дар байни аҳолии осоишта ба ҳадди ақал расонида шавад ҳаёти садҳо нафар наҷот ёбанд. Маврид ба зикр аст, ки амалиёти вижаи низомӣ ба ҳимояи Донбасс аз моҳи феврали соли 2022 идома дошта, ҳадафи он ҳимояи афроде гуфта мешавад, ки таҳти таҳқибу наслкушӣ қарор доштанд.
https://sputnik.tj/20230703/peshgui-medvedev-mavrid-oqibat-barkhurd-gharb-1058040337.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/07/1054738211_0:0:2460:1845_1920x0_80_0_0_75162aa7561b93ac9ff9efcf51fda29c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ошӯб, шойгу, исён, русия, нокомӣ, ҳамла
ошӯб, шойгу, исён, русия, нокомӣ, ҳамла
Шойгу сабаби нокомии ошӯб ва ҳамлаи ҷавобии Украинаро гуфт
17:20 03.07.2023 (Навсозишуда: 18:26 03.07.2023) Вазири мудофиаи Русия барбод рафтани нақшаҳои ноором кардани кишвар аз тариқи ошӯб ва нокомии ҳамлаҳои Киевро натиҷаи садоқати артиш гуфт
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Нақшаҳои ноором кардани вазъ дар Русия дар рӯзҳои 23-25 июн ба далели садоқати артиши кишвар ноком шуданд.
Ин нуктаро вазири дифои Русия, Сергей Шойгу зимни ҷаласа дар ниҳоди тобеяш баён дошт.
"Ҳамин тариқ, нақшаҳои ноором кардани вазъ дар Русия пеш аз ҳама барои он барбод рафтанд, ки ҳайати шахсии нерӯҳои мусаллаҳ ба савганд ва вазифаи ҳарбии худ садоқат нишон доданд", - гуфт вазир.
Ӯ таъкид намуд, ки иғвогарӣ ба амали нерӯҳои мусаллаҳ дар минтақаи амалиёти вижа таъсир нарасонд ва хизматчиёни ҳарбӣ далерона ва фидокорона ҳалли вазифаҳои дар наздашон гузошташударо идома доданд.
Вазири дифоъ ҳамчунин изҳор дошт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки тақрибан як моҳ боз ҳамлаҳои бемуваффақият анҷом медиҳанд, дар ҳеҷ самт ба комёбӣ ноил нашудаанд.
Ба гуфтаи Шойгу, ҳариф тақрибан 2,5 ҳазор аслиҳа, аз ҷумла 16 танки "Леопард"-ро талаф додааст.
"Ин тақрибан 100%-и танкҳои ин навъ мебошанд, ки аз Лаҳистон ва Португалия интиқол дода шудаанд", - таъкид кард вазири дифоъ.
Вай афзуд, аз Киев, пуштибонҳои ғарбиаш идомаи ҳамларо талаб доранд ва талош доранд, "адами муваффақият дар заминро тавассути тирборони террористӣ ба ҳадафҳои ғайринизомӣ ҷуброн кунад".
Шойгу таъкид намуд, ки амалҳои касбии хизматчиёни ҳарбии Русия имкон дод, ки талафот дар байни аҳолии осоишта ба ҳадди ақал расонида шавад ҳаёти садҳо нафар наҷот ёбанд.
Маврид ба зикр аст, ки амалиёти вижаи низомӣ ба ҳимояи Донбасс аз моҳи феврали соли 2022 идома дошта, ҳадафи он ҳимояи афроде гуфта мешавад, ки таҳти таҳқибу наслкушӣ қарор доштанд.