https://sputnik.tj/20230701/sadama-margbor-roh-dushanbe-khorugh-kushta-zakhmi-1058021719.html
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хоруғ панҷ куштаву захмӣ бар ҷой гузошт
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хоруғ панҷ куштаву захмӣ бар ҷой гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилӣ иллати сар задани садамаро аз уҳдаи идора кардани мошин набаромадани ронандае, ки аз Душанбе самти Хоруғ ҳаракат мекард, рабт дод
2023-07-01T15:59+0500
2023-07-01T15:59+0500
2023-07-01T17:13+0500
дар тоҷикистон
садама
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
хоруғ
душанбе
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0e/1031735639_0:2:1433:808_1920x0_80_0_0_2e7577e317538d3267becad401d01a13.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар масири Душанбе-Хоруғ садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.Бар хабари манбаъ, сокини 34 - солаи ноҳияи Шуғнон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер 200” мебошад, дар роҳи мазкур ба мошини "Опел-Мерива" бархӯрд.Манбаъ, афзуд, дар натиҷаи бархӯрди ду мошин, ронанда ва ду мусофири 37 ва 53 - сола, ки сокинони Ванҷ мебошанд, аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.Ҳамчунин, ду мусофири 66 ва 64 - солаи автомашинаи якум ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ гардиданд.ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.Баъди садамаи пурқурбонӣ дар Душанбе, прокуратура алайҳи майори ВКД парванда боз кардЁдовар мешавем, моҳи июн дар шаҳри Душанбе ба айби як майори милитсия садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа се нафар ҷон аз даст дод ва ҳамчунин як тани дигар бистарии беморхона шуд.Вазорат он замон дар шарҳи ҳодиса гуфт, ронанда бо суръати зиёда аз 100 км/соат муқобили самти ҳаракат баромада, ба мошини дигар бархӯрд. Нисбати мақомдори ВКД парвандаи ҷиноятӣ боз гардид.
хоруғ
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0e/1031735639_178:0:1255:808_1920x0_80_0_0_4e68b69c8138de214452a7673c322b05.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садама душанбе хоруғ
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хоруғ панҷ куштаву захмӣ бар ҷой гузошт
15:59 01.07.2023 (Навсозишуда: 17:13 01.07.2023) Вазорати корҳои дохилӣ иллати сар задани садамаро аз уҳдаи идора кардани мошин набаромадани ронандае, ки аз Душанбе самти Хоруғ ҳаракат мекард, рабт дод
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар масири Душанбе-Хоруғ садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, сокини 34 - солаи ноҳияи Шуғнон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер 200” мебошад, дар роҳи мазкур ба мошини "Опел-Мерива" бархӯрд.
"Ҳангоми ҳаракат аз Душанбе самти Хоруғ, дар километри 237-уми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ-Кулоб-Дарвоз”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Мерива”, таҳти идораи сокини ноҳияи Ванҷ бархӯрд", - омадааст дар хабари вазорат.
Манбаъ, афзуд, дар натиҷаи бархӯрди ду мошин, ронанда ва ду мусофири 37 ва 53 - сола, ки сокинони Ванҷ мебошанд, аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, ду мусофири 66 ва 64 - солаи автомашинаи якум ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ гардиданд.
ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, моҳи июн дар шаҳри Душанбе ба айби як майори милитсия садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа се нафар ҷон аз даст дод ва ҳамчунин як тани дигар бистарии беморхона шуд.
Вазорат он замон дар шарҳи ҳодиса гуфт, ронанда бо суръати зиёда аз 100 км/соат муқобили самти ҳаракат баромада, ба мошини дигар бархӯрд. Нисбати мақомдори ВКД парвандаи ҷиноятӣ боз гардид.