Тоҷикистон дар "CAFA Futsal Cup-2023" иштирок мекунад

© ФФТНациональная сборная Таджикистана по футзалу
Национальная сборная Таджикистана по футзалу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2023
Обуна шудан
Таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аввалин мусобиқа "CAFA Futsal Cup-2023" байни дастаҳои миллии футзал баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Тоҷикистон мизбон ва ҳамчунин иштирокдори мусобқаи байналмилалии "CAFA Futsal Cup-2023" хоҳад шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бори аввал миёни дастаҳои миллии кишварҳои минтақа сурат мегирад.
"Бозиҳо аз 23 то 30 июл дар Маҷмааи варзишии универсалии Душанбе – Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ сурат мегиранд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки барои унвони пурқувваттарин тими минтақа дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Кубок арабских наций 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
Ҳашт голи беҷавоби футзалбозони Арабистон ба дарвозаи Тоҷикистон
Дар доираи мусобиқаи "CAFA Futsal Cup-2023" 15 бозӣ баргузор мешавад, тавзеҳ дод Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад ва дар он ҳар як даста бо ҳамдигар як бозигӣ мекунад. Тими ғолиб бодарназардошти шумораи холҳо муайян карда мешавад, илова намуд ФФТ.
Барои тими миллии Тоҷикистон ширкат дар мусобиқаи "CAFA Futsal Cup-2023" марҳилаи омодагӣ ба қисми интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 7-ум то 11-уми октябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.
Рақибони дастаи мо дар бозиҳои интихобии қаҳрамонии Осиё мунтахабҳои Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон мебошанд, зикр намуд ФФТ.
Лентаи хабарҳо
0