https://sputnik.tj/20230629/tasdiqi-vakolat-vakili-nav-khatlon-1057985440.html
Тасдиқи ваколатҳои 2 вакили нав дар Хатлон
Тасдиқи ваколатҳои 2 вакили нав дар Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи вилоятии интихобот дар Хатлон аз вуруди 2 вакили нав ба ҳайати Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ҷои вакилони хориҷшуда гузориш додаст
2023-06-29T13:50+0500
2023-06-29T13:50+0500
2023-06-29T13:50+0500
дар тоҷикистон
хатлон
сиёсат
вакил
интихобот
ташкил
маҷлис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_0:256:3112:2007_1920x0_80_0_0_0f428119689a92e287e4c7a0c9cd065f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум ваколати 2 вакили нав тасдиқ шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон иттилоъ дода, афзуд, ки ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода баргузор шуд. "Вакилон ваколати вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум Назарзода Бахтиёр - раиси шаҳри Кӯлоб ва Мирзозода Нурулло - раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро тасдиқ намуданд", - омадааст дар иттилоия. Дар ҷаласа раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Кӯлоб №8, Ҳамадонӣ №50 ҳисобот додаст. Маврид ба зикр аст, ки қаблан Вализода Абдуқодир Исуф аз мақоми раиси шаҳри Кӯлоб барканор шуда, ба ҷои ӯ Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори нав таъйин гардида буд. Ҳамакнун Назарзода вориди Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ низ шуд. Инчунин Мирзозода Нурулло Абдулҳай пештар ба мақоми раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон тайъин гардида буд. Ӯ дар ин мақом Одиназода Бозоралӣ Неъматро иваз кард.
https://sputnik.tj/20230621/davlatali-said-vazifai-nav-girift-1057836012.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_76:0:2807:2048_1920x0_80_0_0_f018bba9da2dbfe42b6075d7493b4ee2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вакил, маҷлис, вакилон, халқ, киҳо, хатлон
вакил, маҷлис, вакилон, халқ, киҳо, хатлон
Тасдиқи ваколатҳои 2 вакили нав дар Хатлон
Комиссияи вилоятии интихобот дар Хатлон аз вуруди 2 вакили нав ба ҳайати Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ҷои вакилони хориҷшуда гузориш додаст
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум ваколати 2 вакили нав тасдиқ шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон иттилоъ дода, афзуд, ки ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода баргузор шуд.
"Вакилон ваколати вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум Назарзода Бахтиёр - раиси шаҳри Кӯлоб ва Мирзозода Нурулло - раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро тасдиқ намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Дар ҷаласа раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Кӯлоб №8, Ҳамадонӣ №50 ҳисобот додаст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Вализода Абдуқодир Исуф аз мақоми раиси шаҳри Кӯлоб барканор шуда, ба ҷои ӯ Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори нав таъйин гардида буд. Ҳамакнун Назарзода вориди Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ низ шуд.
Инчунин Мирзозода Нурулло Абдулҳай пештар ба мақоми раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон тайъин гардида буд. Ӯ дар ин мақом Одиназода Бозоралӣ Неъматро иваз кард.