Мулло Бародар: мушкилоти иқтисодии Афғонистон ноши аз 20 соли ҳузури кишварҳои хориҷиаст

© AP / Hussein SayedМулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов
Мулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2023
Обуна шудан
Мақомдори аршади толибҳо дар сарзадани буҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кишварҳои ғарбро, ки тӯли 20 соли дар ин кишвар ҳузур доштанд, мутааҳам кард
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Муовини аввали нахусти вазирии ҳукумати толибҳо Абдулғани Бародар тайи як суханронӣ дар маросими Иди Қурбон гуфт, мушкилоти иқтисодии мавҷӯд дар кишвари ношӣ аз 20 соли ҳузури неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон аст, иттилоъ додааст "Parstoday".
Вай дар маросими намози Иди Қурбон дар арги Кобул гуфт, ки хориҷиҳо мардуми Афғонистонро ташвиқ ба тарк кишвар мекунанд.
"Хориҷиҳо ҳануз мардуми Афғонистонро ором намегузоранд, ишора мекунанд, ки дар Афғонистони мушкилот иқтисодӣ ҳаст ва мардумро ташвиқ ба тарки кишвар менамоянд", гуфт вай.
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2023
Толибҳо: Паштунҳо дар Афғонистон аксарият ҳастанд
Муовини иқтисодии нахусти вазири ҳукумати толибҳо иддао карда ки вазъияти иқтисодии кишвари рӯ ба беҳбудаст ва ин гурӯҳ барои рафъи мушкилоти иқтисодии мавҷуда, корҳои мушаххсаро оғоз кардааст.
Ин дар ҳолеаст, ки бар асоси омори дафтари ҳамоҳангкунанда кумакҳои башардӯстонаи созмони милали муттаҳид (СММ) ،28,8 милюн нафар дар Афғонистони ниёзманд кумак ҳастанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки бо рӯй кор омдни гурӯҳи толибҳо дар Афғонистон, кумакҳои молии кишварҳои ғарбӣ қатъ шуд ва кишвар дар оғуши буҳронҳо афтид.
Лентаи хабарҳо
0