https://sputnik.tj/20230628/dushanbe-toshkand-masala-marzi-barrasi-1057952456.html
Душанбею Тошканд масъалаи марзиро баррасӣ карданд
Душанбею Тошканд масъалаи марзиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия фазои ҷаласаи комиссияи муштараки марзӣ бо Тоҷикистонро дӯстона тавсиф кардааст
2023-06-28T09:00+0500
2023-06-28T09:00+0500
2023-06-28T09:00+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
марз
мулоқот
ҳамкорӣ
гуруҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102256/35/1022563500_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_a1cfc40f529cee0597196c777b1bf667.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар шаҳри Қаршӣ ҳафтаи мулоқоти гурӯҳҳои кории комиссияи марзии Ӯзбекистону Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар натиҷаи ҷаласаи гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки марзии ду кишвар протокол имзо шуд. "Зимни мулоқот масъалаҳои убури хатти сарҳади давлатии Ӯзбекистону Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар иттилоия. Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон таъкид намуд, ки мулоқот бо ҳайати тоҷикистонӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шудаст. Ҷонибҳо дар протоколи навбатӣ имзо намуда, созиш кардаанд, ки вохӯрии навбатии ҷонибҳо дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Қаблан раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон, Ориф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд. Аз ҷумла бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори “Фарҳод” барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд.Хоҷазода дар мавриди обанбори “Фарҳод” изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.
https://sputnik.tj/20230627/rahmonzoda-rais-viloyat-surkhondaryo-hamkori-barrasi-1057947610.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102256/35/1022563500_130:0:1030:675_1920x0_80_0_0_27faef0748951dbd36014463d8706b11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
анҷом, музокирот, марз, ҳафта, тоҷикистон, ӯзбекистон
анҷом, музокирот, марз, ҳафта, тоҷикистон, ӯзбекистон
Душанбею Тошканд масъалаи марзиро баррасӣ карданд
Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия фазои ҷаласаи комиссияи муштараки марзӣ бо Тоҷикистонро дӯстона тавсиф кардааст
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар шаҳри Қаршӣ ҳафтаи мулоқоти гурӯҳҳои кории комиссияи марзии Ӯзбекистону Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар натиҷаи ҷаласаи гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки марзии ду кишвар протокол имзо шуд.
"Зимни мулоқот масъалаҳои убури хатти сарҳади давлатии Ӯзбекистону Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон таъкид намуд, ки мулоқот бо ҳайати тоҷикистонӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шудаст.
Ҷонибҳо дар протоколи навбатӣ имзо намуда, созиш кардаанд, ки вохӯрии навбатии ҷонибҳо дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Қаблан раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон, Ориф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд.
Аз ҷумла бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори “Фарҳод” барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд.
Хоҷазода дар мавриди обанбори “Фарҳод” изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.