https://sputnik.tj/20230627/sarmurabbi-nav-fk-khujand-malum-1057936893.html
Сармураббии нави ФК "Хуҷанд" маълум шуд: бошгоҳ умедаш аз Марофиевро гуфт
Сармураббии нави ФК "Хуҷанд" маълум шуд: бошгоҳ умедаш аз Марофиевро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар дастае, ки ба он Фаррух Марофиев ва Шариф Зиёев роҳбарӣ мекунанд, муҳити мусбат дорад ва ҳама хушбин аз онанд, ки натоиҷ низ хуб хоҳад шуд
2023-06-27T10:53+0500
2023-06-27T10:53+0500
2023-06-27T16:52+0500
сармураббӣ
нав
тими футболи "хуҷанд"
суғд
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057935934_0:210:1281:930_1920x0_80_0_0_1eaa5a9c61c528c3e472caadbf0d164c.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Дар маҷлисгоҳи маҷмааи варзишии "Қасри варзиш"-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии роҳбарият бо ҳайати мураббиён ва футболбозони бошгоҳи "Хуҷанд" баргузор гардид. Дар ҷаласа тағйироти кадрӣ дар ҳайати мураббиёни тим эълон шуд. Ҳамин тариқ, бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Фаррух Марофиев ба вазифаи сармураббии бошгоҳи футболи "Хуҷанд" таъин гардид. Шариф Зиёев бошад, ба унвони мураббӣ ва ёвари сармураббии даста таъин шудааст.Инчунин, дар ҷаласа мураббӣ-селексионери даста Руслан Абдумавлонов, ки дар академияи "Реал Мадрид"-и Бекобод таҷриба дошта, инчунин роҳбарии "Пахтакор"-и Пролетарро дар гузашта ба зима дошт, муаррифӣ шуд. Директори иҷроияи бошгоҳи футбол Муродҷон Умаров ба бозигарон барои фидокорӣ ва бозии зебо дар бозии ахир бо "Ҳосилот" изҳори сипос намуд. Муродҷон Сафарович қайд кард, ки зери сарварии Фаррух Марофиев ва Шариф Зиёев фазои мусбат ҳукмфармост ва ҳама натоиҷи мусбат хушбинанд. Фаррух Марофиев ба роҳбарият барои эътимод изҳори сипос карда, таъкид кард, ки ин барои ӯ шарафи бузург аст, аммо даста дар майдони футбол ва берун аз он ба интизом ва муносибати касбӣ ниёз дорад. Қаблан бошгоҳи футболи "Хуҷанд" қатъи ҳамкорӣ бо мураббӣ Нӯъмон Ҳасановро, ки дар авоили моҳи май ба кор шурӯъ кард, таъйид карда буд. Сабабаш шароити оилавӣ буда, ҳамчунин гуфта мешавад, ки Ҳасанов дар ояндаи наздик умуман ба ҳайси мураббӣ кор намекунад. Ёдовар мешавем, ки қаблан яке аз масъулони даста ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки тасмими барканории мураббӣ ба далели натиҷаҳои ғайриқаноатбахш дар чанд бозии ахир гирифта шудааст. Инак, як моҳ ба "Хуҷанд" муяссар шуд, ки дар вохурӣ бо "Вахш" танҳо як маротиба ғалаба кунад, вохӯриҳои боқимонда бо мусовӣ ва ё бох анҷом ёфтанд.
https://sputnik.tj/20230609/boshgoh-khujand-barkanorii-hasanov-1057641137.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057935934_0:90:1281:1050_1920x0_80_0_0_84f0fe1949341a34f110e23756438af8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сармураббӣ "хуҷанд" бошгоҳ умед марофиев
сармураббӣ "хуҷанд" бошгоҳ умед марофиев
Сармураббии нави ФК "Хуҷанд" маълум шуд: бошгоҳ умедаш аз Марофиевро гуфт
10:53 27.06.2023 (Навсозишуда: 16:52 27.06.2023) Дар дастае, ки ба он Фаррух Марофиев ва Шариф Зиёев роҳбарӣ мекунанд, муҳити мусбат дорад ва ҳама хушбин аз онанд, ки натоиҷ низ хуб хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Дар маҷлисгоҳи маҷмааи варзишии "Қасри варзиш"-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии роҳбарият бо ҳайати мураббиён ва футболбозони бошгоҳи "Хуҷанд" баргузор гардид.
Дар ҷаласа тағйироти кадрӣ дар ҳайати мураббиёни тим эълон шуд.
Ҳамин тариқ, бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Фаррух Марофиев ба вазифаи сармураббии бошгоҳи футболи "Хуҷанд" таъин гардид.
Шариф Зиёев бошад, ба унвони мураббӣ ва ёвари сармураббии даста таъин шудааст.
Инчунин, дар ҷаласа мураббӣ-селексионери даста Руслан Абдумавлонов, ки дар академияи "Реал Мадрид"-и Бекобод таҷриба дошта, инчунин роҳбарии "Пахтакор"-и Пролетарро дар гузашта ба зима дошт, муаррифӣ шуд.
Директори иҷроияи бошгоҳи футбол Муродҷон Умаров ба бозигарон барои фидокорӣ ва бозии зебо дар бозии ахир бо "Ҳосилот" изҳори сипос намуд.
Муродҷон Сафарович қайд кард, ки зери сарварии Фаррух Марофиев ва Шариф Зиёев фазои мусбат ҳукмфармост ва ҳама натоиҷи мусбат хушбинанд.
Фаррух Марофиев ба роҳбарият барои эътимод изҳори сипос карда, таъкид кард, ки ин барои ӯ шарафи бузург аст, аммо даста дар майдони футбол ва берун аз он ба интизом ва муносибати касбӣ ниёз дорад.
Қаблан бошгоҳи футболи "Хуҷанд" қатъи ҳамкорӣ бо мураббӣ Нӯъмон Ҳасановро, ки дар авоили моҳи май ба кор шурӯъ кард, таъйид карда буд.
Сабабаш шароити оилавӣ буда, ҳамчунин гуфта мешавад, ки Ҳасанов дар ояндаи наздик умуман ба ҳайси мураббӣ кор намекунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан яке аз масъулони даста ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки тасмими барканории мураббӣ ба далели натиҷаҳои ғайриқаноатбахш дар чанд бозии ахир гирифта шудааст.
Инак, як моҳ ба "Хуҷанд" муяссар шуд, ки дар вохурӣ бо "Вахш" танҳо як маротиба ғалаба кунад, вохӯриҳои боқимонда бо мусовӣ ва ё бох анҷом ёфтанд.