https://sputnik.tj/20230627/jang-qudrat-nizomi-putin-video-1057948484.html
"Ҷанги шаҳрвандиро пешгирӣ кардед": Муроҷиати Путин ба қудратиҳо - видео
"Ҷанги шаҳрвандиро пешгирӣ кардед": Муроҷиати Путин ба қудратиҳо - видео
Sputnik Тоҷикистон
Воҳидҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти махсус фаъолияти боэътимоди ниҳодҳои идорию стратегиро таъмин карданд 27.06.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-06-27T16:45+0500
2023-06-27T16:45+0500
2023-06-27T17:05+0500
видео
амният ва мудофиа
владимир путин
мулоқот
пешравӣ
ошӯб
низомиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057948658_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_eaa45504b75d12e7c0b97bbdccbb847d.jpg
Ҳарбиёне, ки дар саркӯби шӯриш ширкат доштанд, воқеан ҷанги шаҳрвандиро дар Русия ҷилавгирӣ намуданд. Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни баромад дар назди воҳидҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти махсус дар Кремл баён дошт. Вай таъкид намуд, ки онҳо муҳофизони ҳақиқӣ мебошанд, ки дар лаҳзаҳои душвор садди исён шуданд, ки оқибати он метавонист бесарусомонӣ бошад. Вай дар хитоб ба афсарону сарбозон афзуд, ки дар вазъияти душвор равшан, созгорона амал кардед, садоқатмандии худро ба халқ исбот кардед. Роҳбари Русия таъкид кард, ки азму далерии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчунин муттаҳид шудани ҷомеаи кишвар дар пахши шӯриши мусаллаҳона нақши ҳалкунанда бозид.Вай афзуд, мардуме, ки ба шӯриш кашида шуданд, диданд, ки артиш ва мардум бо онҳо нестанд. Лукашенко гуфт, ки дар сурати фурӯпошии Русия ҳама нобуд мешавандБа гуфтаи раисҷумҳур, сафарбаркунии сареъ ва дақиқи сохторҳои қудратӣ имкон дод, ки аз рушди ниҳоят хатарноки вазъ дар кишвар ҷилавгирӣ шавад. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки дар саркӯби ошӯб ба Русия лозим наомад, ки воҳидҳои ҷангиро аз минтақаи амалиёти вжаи низомӣ хориҷ кунад. Маврид ба зикр аст, ки ахиран талоши ошӯби мусаллаҳона аз ҷониби нерӯҳои "Вагнер" дар ҷануби Русия амалӣ шуд, ки дар пайи музокирот бидуни идомаи ташаннуҷи вазъ қатъ карда шуд. Созиш шуд, ки нерӯҳои "Вагнер" ба бошишгоҳҳояшон баргарданду саркардаи он Евгений Пригожин ба Белорус меравад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057948658_320:0:1280:720_1920x0_80_0_0_d7463e08de856ac594d96deaa22b2aff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, видео, амният ва мудофиа, владимир путин, мулоқот, пешравӣ, ошӯб, низомиён
видео, видео, амният ва мудофиа, владимир путин, мулоқот, пешравӣ, ошӯб, низомиён
"Ҷанги шаҳрвандиро пешгирӣ кардед": Муроҷиати Путин ба қудратиҳо - видео
16:45 27.06.2023 (Навсозишуда: 17:05 27.06.2023) Воҳидҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти махсус фаъолияти боэътимоди ниҳодҳои идорию стратегиро таъмин карданд
Ҳарбиёне, ки дар саркӯби шӯриш ширкат доштанд, воқеан ҷанги шаҳрвандиро дар Русия ҷилавгирӣ намуданд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни баромад дар назди воҳидҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти махсус дар Кремл баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки онҳо муҳофизони ҳақиқӣ мебошанд, ки дар лаҳзаҳои душвор садди исён шуданд, ки оқибати он метавонист бесарусомонӣ бошад.
"Шумо сохти конститутсионӣ, ҳаёт, амният ва озодии шаҳрвандони моро ҳимоя кардед. Ватани моро аз таҳаввулот наҷот додед, амалан ҷанги шаҳрвандиро ҷилавгирӣ кардед", - изҳор дошт Путин.
Вай дар хитоб ба афсарону сарбозон афзуд, ки дар вазъияти душвор равшан, созгорона амал кардед, садоқатмандии худро ба халқ исбот кардед.
Роҳбари Русия таъкид кард, ки азму далерии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчунин муттаҳид шудани ҷомеаи кишвар дар пахши шӯриши мусаллаҳона нақши ҳалкунанда бозид.
Вай афзуд, мардуме, ки ба шӯриш кашида шуданд, диданд, ки артиш ва мардум бо онҳо нестанд.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, сафарбаркунии сареъ ва дақиқи сохторҳои қудратӣ имкон дод, ки аз рушди ниҳоят хатарноки вазъ дар кишвар ҷилавгирӣ шавад.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки дар саркӯби ошӯб ба Русия лозим наомад, ки воҳидҳои ҷангиро аз минтақаи амалиёти вжаи низомӣ хориҷ кунад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран талоши ошӯби мусаллаҳона аз ҷониби нерӯҳои "Вагнер" дар ҷануби Русия амалӣ шуд, ки дар пайи музокирот бидуни идомаи ташаннуҷи вазъ қатъ карда шуд. Созиш шуд, ки нерӯҳои "Вагнер" ба бошишгоҳҳояшон баргарданду саркардаи он Евгений Пригожин ба Белорус меравад.