https://sputnik.tj/20230626/tashkili-shuroi-mushtaraki-tijori-miyoni-tojikistonu-qatar-1057911470.html
Ташкили Шӯрои муштараки тиҷорӣ миёни Тоҷикистону Қатар
Ташкили Шӯрои муштараки тиҷорӣ миёни Тоҷикистону Қатар
Sputnik Тоҷикистон
Дар мулоқот ҳамчунин равобити ҳамкориҳои ду кишвар ва роҳҳои густариши он, ки ба нафъи иқтисоди ҳар ду давлат аст, баррасӣ шуд
2023-06-26T14:47+0500
2023-06-26T14:47+0500
2023-06-26T14:47+0500
дар тоҷикистон
қатар
ҳамкорӣ
равобит
тиҷорат
иқтисод
шӯро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057909127_0:77:1000:640_1920x0_80_0_0_6f4795f0320d9c9b464bcdef2b3426cc.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Қатар созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои муштараки тиҷорӣ (JBC) ба имзо расонданд.Дар ин бора дафтари матбуоти утоқи бозаргони Қатар хабар додааст.Гуфта мешавад, ки ахиран музокирот миёни муовини аввали раиси ин ниҳоди қатарӣ Алӣ бин Аҳмад Ал Куварӣ ва раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода сурат гирифтааст.Дар мулоқот ҳамчунин равобити ҳамкориҳои ду ҷониб ва роҳҳои густариши он, ки ба нафъи иқтисоди ҳар ду кишвар аст, баррасӣ шуд.Ҳамин тариқ, масъалаҳои фазои сармоягузорӣ ва эҷоди лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд.Алӣ бин Аҳмад Ал Куварӣ аз равобити дуҷониба, ки барои ҳамкорӣ роҳҳои нав боз кардааст, баҳои баланд дод.Ба гуфтаи ӯ, созишномаи имзошуда ба бахшҳои тиҷорату иқтисод таъсири мусбат гузошта, ба густариши табодули тиҷорат ва сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар навбати худ таъкид кард, ки ширкатҳои тоҷикӣ ба боз кардани бозорҳои маҳсулоти худ дар Қатар таваҷҷӯҳ доранд.Ҷамшед Ҷумъахонзода таъкид кард, ки дар моҳи сентябри соли 2024 кишвараш мизбони як ҳамойиши бузурги байналмилалии сармоягузорӣ мешавад.Вай намояндагони Палатаи савдо ва саноати Қатарро барои ширкат дар чорабинии иқтисодӣ даъват кардааст.
https://sputnik.tj/20200131/Dar-mehmonii-amir-qatar-vkd-dawat-shudand-1030633740.html
қатар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057909127_112:0:1000:666_1920x0_80_0_0_f119fc1be308cd82536d216066c5fb73.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қатар, ҳамкорӣ, равобит, тиҷорат, шӯро, палатаи савдо ва саноат, иқтисод, баррасӣ
тоҷикистон, қатар, ҳамкорӣ, равобит, тиҷорат, шӯро, палатаи савдо ва саноат, иқтисод, баррасӣ
Ташкили Шӯрои муштараки тиҷорӣ миёни Тоҷикистону Қатар
Дар мулоқот ҳамчунин равобити ҳамкориҳои ду кишвар ва роҳҳои густариши он, ки ба нафъи иқтисоди ҳар ду давлат аст, баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Қатар созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои муштараки тиҷорӣ (JBC) ба имзо расонданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти утоқи бозаргони Қатар хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ахиран музокирот миёни муовини аввали раиси ин ниҳоди қатарӣ Алӣ бин Аҳмад Ал Куварӣ ва раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода сурат гирифтааст.
"Таъсиси Шӯрои муштараки тиҷоратӣ барои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвари дӯст зарур аст", - шарҳ дод манбаъ.
Дар мулоқот ҳамчунин равобити ҳамкориҳои ду ҷониб ва роҳҳои густариши он, ки ба нафъи иқтисоди ҳар ду кишвар аст, баррасӣ шуд.
Ҳамин тариқ, масъалаҳои фазои сармоягузорӣ ва эҷоди лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд.
Алӣ бин Аҳмад Ал Куварӣ аз равобити дуҷониба, ки барои ҳамкорӣ роҳҳои нав боз кардааст, баҳои баланд дод.
Ба гуфтаи ӯ, созишномаи имзошуда ба бахшҳои тиҷорату иқтисод таъсири мусбат гузошта, ба густариши табодули тиҷорат ва сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар навбати худ таъкид кард, ки ширкатҳои тоҷикӣ ба боз кардани бозорҳои маҳсулоти худ дар Қатар таваҷҷӯҳ доранд.
Ҷамшед Ҷумъахонзода таъкид кард, ки дар моҳи сентябри соли 2024 кишвараш мизбони як ҳамойиши бузурги байналмилалии сармоягузорӣ мешавад.
Вай намояндагони Палатаи савдо ва саноати Қатарро барои ширкат дар чорабинии иқтисодӣ даъват кардааст.