Раиси вилояти Суғд ба 12 нафар мутахассис хонаи истиқоматӣ тақдим кард

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдТақдими калидҳои хона аз сӯи мақомоти Суғд
Тақдими калидҳои хона аз сӯи мақомоти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба мутахассисону кадрҳои ҷавон ва ниёзмандон хонаҳои истиқоматӣ тақдим кард
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Қурбон ба 12 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун ва кадрҳои ҷавон калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими тақдими калиди хонаҳои истиқоматӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки ҳадаф ин иқдом дастгирии кадрҳои ҷавон ва қишри ниёзманди ҷомеа мебошад.
Ба иттилои манбаъ, хонаҳои истиқоматӣ дар биноҳои баландошёнаи шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, дорои шароити зарурӣ мебошад.
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2023
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби хона шуданд
Раиси вилоят изҳор дошт, ки дастгирии кадрҳои ҷавон ва қишри ниёзманди ҷомеа минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
“Марҳила ба марҳила мутахассисони ниёзманди соҳаҳои мухталиф бо манзил таъмин карда мешаванд”, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Таъкид шудааст, ки шахсоне, ки соҳиби хона шудаанд, воқеан ҳам ба беҳтар намудани шароити зист ниёз доштанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомот эълон карда буд, ки дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд барои муҳоҷирони экологии ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштичу Спитамен, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар диданд ва сокинони маҳаллӣ заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0