Дар Панҷ технопарки муосир сохта мешавад — тафсилот

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкСотрудницы лаборатории в технополисе "Москва"
Сотрудницы лаборатории в технополисе Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2023
Обуна шудан
Айни замон барои сохтмони 7 корхона, аз ҷумла истеҳсоли макарон, орд, ҷуворимакка ва коркарди писта 1 гектар замин ҷудо карда шудааст
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Панҷ сохтмони технопарки замонавӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти ҳукумати ноҳия хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ин тарҳ то соли 2026 амалӣ хоҳад шуд.
Ғайр аз ин барои сохтмони он аллакай 3 гектар замин ҷудо карда шудааст.
"Баъди ба истифода додани технопарк беш аз 280 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва мавсимӣ ва маоши муносиб таъмин хоҳанд шуд", - таъкид карданд дар ҳукумати ноҳия.
Сохтмони 13 сехи корхонаҳои саноатӣ низ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳоли ҳозир барои бунёди 7 корхона, аз ҷумла истеҳсоли макарон, орд, ҷуворимакка ва коркарди писта 1 гектар замин азхуд шудааст.
Производство ковров на фабрике  Ковры Кайраккума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2023
Содироти Қолинҳои Тоҷикистон ба Русия ва Ӯзбекистон
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Панҷ сохтмони 232 объекти таъиноти гуногун, аз ҷумла 18 коргоҳ, устохона ва корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0