Мактаббачагони Хуҷанд аз Ямал боздид мекунанд

© РоссотрудничествоШкольники Худжанда посещают Ямал
Школьники Худжанда посещают Ямал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2023
Обуна шудан
Наврасон дар давоми сафар имкон доранд, ки пиряхи Романтиков - яке аз ҷойҳои зеботарини Урали Қутбиро тамошо кунанд ва ба фарҳанги дигар халқҳо ошно шаванд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Иштирокчиёни лоиҳаи "Салом, Русия!" бори аввал ба Ямал омаданд. Дар ин бора Хонаи Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки сафар то 30 июн идома хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, 45 нафар мактаббачагон аз Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Сурия ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо фарҳангу табиати минтақа ошно мешаванд.
"Иштирокчиёни лоиҳа барномаи пурмуҳтаво доранд, ки дар рафти он ба Салехард, Лабитнанги, Ноябрск рафта, бо маданият, табиат ва иқтидори ҳавзаи автономӣ шинос мешаванд, — таъкид карданд, дар Хонаи русҳо дар Хучанд.
Ғайр аз ин, бачаҳо имконият пайдо мекунанд, ки пиряхи Романтиков — яке аз ҷойҳои зеботарини Урали Қутбӣ мебошад.
"Ҳар як шаҳри Русия ба таври худ зебост, ки барои ман хело аҷоиб аст. Ман бо бачаҳо аз кишварҳои гуногун шинос шудам, дӯстони нав пайдо кардам. Мо дар ин ҷо вақтхушӣ мекунем", - иброз дошт таассуроти худро Вадим Кадиков, ширкаткунанда аз шаҳри Хуҷанд.
Қаблан мактаббачагони тоҷик дар ҳамоиши кишварҳои ИДМ дар бораи анъанаҳои миллӣ ҳарф зада буданд.
Иштироки рӯзноманигорони Тоҷикистон дар мастер-класси “Sputnik Pro” - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2023
Иштироки рӯзноманигорони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар мастер-класси “Sputnik Pro”
Дар лагери кӯдаконаи "Симурғ"-и вилояти Тошканди Ӯзбекистон ҳаштумин анҷумани байналмилалии фарҳангиву маърифатии кишварҳои узви ИДМ "Кӯдакони Иттиҳод" ифтитоҳ ёфт.
"Дар рӯзи аввали форум муаррифии таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар тӯли 9 рӯзи оянда ҳар як ҳайат аз анъана ва расму оинҳои миллии кишвари худ муаррифӣ хоҳад кард", — хабар доданд, ташкилкунандагони чорабинӣ.
Ба ғайр аз муаррифии кишварҳо, мактабачаҳоро экскурсияҳо, намоишгоҳҳо, дарсҳои маҳорат, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳои интеллектуалӣ, машғулиятҳои тарбиявӣ, шабҳои назм, намоиши сирк, намоиши филмҳо, рақсу суруд интизор аст.
Лентаи хабарҳо
0