Дар ХБА кишварҳои ғарбӣ Осиёи Марказиро беэътибор мекунанд

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкТабличка с логотипом Международного валютного фонда на стене здания МВФ. Архивное фото
Табличка с логотипом Международного валютного фонда на стене здания МВФ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2023
Обуна шудан
Қарзҳои интихобӣ ба ниёзмандон, тақсими ноодилонаи овозҳо дар шӯрои директорон мушкилоти аслии Сандуқи Байналмилалии Пул гаштааст
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Нақши Хазинаи Байналмилалии Пул (ХБА) дар пасманзари парокандагии иқтисоди ҷаҳонӣ ҳатман бояд тағйир ёбад. Дар ин бора директори иҷроияи Русия дар ХБА Алексей Можин изҳор дошт.
"Он чизе, ки мо аз он оғоз кардем - парокандагии иқтисоди ҷаҳонӣ - ҳатман бояд боиси тағйирот дар фаъолияти Сандуқи Байналмилалии Пул шавад",- гуфт ӯ.
Алексей Можин таъкид кард, ки ин хазина "заъфҳои зиёде дорад", ҳарчанд он "созмони асосии байналмилалӣ оид ба идоракунии иқтисоди ҷаҳонӣ" аст.
Яке аз ин заъфҳоро намояндаи Русия дар ХБА "тақсимоти бевиҷдононаи раъйҳо дар Шӯрои мудирон" ва "сиёсати ошкоро ғаразнок"-и ин фонд, ки интихобан ба кишварҳои ниёзманд қарз медиҳад, унвон кард.
"Эрон дар авҷи пандемия бори аввал тайи солҳои тӯлонӣ як миқдор пул хост, рад шуд. Ҳарчанд солиёни зиёд узви бовиҷдони ин созмон аст ва аз ин сандуқ қарзе надорад",-ҳамчун мисол овард ӯ.
Гузашта аз ин, Алексей Можин ҳам ба сиёсати ғарбгароёна ва ҳам дудилагии ин фонд дахл кард.
"Мянмор ва Афғонистон пас аз он ки амрикоиҳо аз онҷо рафтанд, табъиз мешаванд",- гуфт коршинос.
Намояндаи Русия ҳамчунин ба сиёсӣ шудани Шӯрои мудирони ХБА ва тақсими ноодилонаи овозҳо дар он ишора кард, ки дар он "намояндагии аз ҳад зиёди Ғарб" вуҷуд дорад.
Қаблан дар гузориши Сандуқи Байналмилалии Пул дар бораи вазъи иқтисодии Аврупо аз устувории ғайричашмдошти иқтисоди Русия дар баробари таҳримҳо сухан гуфта буд.
Деньги в кошельке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
БРАО аз кунд шудани афзоиши нархҳо дар Тоҷикистон хабар дод
Онҳо ҳамчунин чунин беҳбудиро ба афзоиши гардиши маводи сӯхт бо кишварҳои дӯсти Русия марбут медонанд.
Илова бар ин, ХБА маҷбур шуд, ки муваффақияти тасмими Маскавро дар бораи тағйири самти худ аз бозори Ғарб ба бозори Шарқ эътироф кунад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯиҳои коршиносони ХБА, Федератсияи Русия дар соли 2023 "камшавии якбораи даромадҳои андоз, асосан аз ҳисоби поин рафтани нархи нафту газро" интизор аст.
Сандуқи Байналмилалии Пул низ бар ин назар аст, ки ба далели таҳримҳои тиҷорӣ ва молӣ, нишондодҳои тавлидот дар Федератсияи Русия дар соли 2027 назар ба пешбинии қабл аз оғози амалиёти вижаи низомии Маскав 8% поинтар хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0