Имкони музокироти сулҳ байни Русия ва Киев ба кумаки Лукашенко

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Беларуси Александр Лукашенко
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2023
Обуна шудан
Мақомоти Киев эълон кард, ки раисҷумҳури Белорус метавонад дар музхокироти ояндаи сулҳ миёни Русия ва Украина иштирок намояд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина Алексей Данилов гуфт, ки Александр Лукашенко, раисҷумҳӯр Белорус метавонад дар музокирот барои ҳали муноқиша дар Украин ширкат кунад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Ба гуфта оқои Данилов акнун гурӯҳе аз музокиракунандагон ояндаи Русия бо Украин вуҷӯд доранд, ки феълан "дар паси парда қарор доранд".
Ҳамзамон, Дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина хотирнишон кард, ки мушорикати раисҷумҳури Беларус дар ин раванд мунтафӣ нест.
Александр Лукошенко пеш аз ин бо Владимир Путини раисҷумҳури Русия ва Нурсултон Назарбоев аввалин раисҷумҳури Қазоқистон гуфтугӯи телефонӣ доштааст.
Дар ҳамин ҳол, қаблан Дмитрий Песков, сухангӯии раисҷумҳури Русия дар 24 июн гуфт, ки талошҳои миёнҷигарии оқои Лукашенко ба ҷилавгирӣ аз хунрезӣ ва даргирӣ бо натоиҷи ғайриқобилии пешбинӣ мусоидат кард.
Московский Кремль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2023
Баёнияи Кремл мабни ба шуриш: Шӯриш бо “Вагнер” бидуни талафот анҷом ёфт
Бояд гуфт Александр Лукашенко раисҷумҳури Беларус дар ором кардани шуриш нақши муҳимро бозӣ кард. Ӯ бо оқои Пригожин роаҳбари ширкати хусуси низомии “Вагнер” гуфтугӯ кард ва барои хотима додани нооромиҳо ва шуриш дар кишвар ба мувофиқа расид.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз миёнҷигарии оқои Лукашенко дар ҳалли ин мушкилот изҳори сипос кард.
Лентаи хабарҳо
0