Амирабдуллоҳиён ба Лавров занг зад

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузариш ба медиабонкГлава МИД Ирана Хоссейн Амир Абдоллахиян
Глава МИД Ирана Хоссейн Амир Абдоллахиян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2023
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо ҳамтои русаш аз ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар умури дохилии кишварҳо шароити интиқод кард
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Эрон ва Русия дар гуфтугуи телефонӣ дар бораи охирин вазъияти муносиботи дуҷониба ва ҳамчунин таҳавулоти марбут ба вазъияти эҷодшуда дар минтақаҳои аз Русия табодули назар карданд, иттилоъ додааст ИРНА.
Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон ахиран дар гуфтугу бо Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия аз ҳокимияти қонуни дар ҳамаи кишварҳо аз ҷумла кишвари ҳамсоя ва дуст ҳимоя кард.
Вай аз ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар умури дохилии кишварҳо шароити интиқод кард ва ҳодисаи ахири ин кишварро як мавзуъи комилан дохили шуморид ва ибрози этминон кард, ки Русия аз ин марҳала убур хоҳад кард.
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2023
Эрон: Руйдоди ахир дар Русия мавзӯи дохилии ин кишвар аст
Сергей Лавров низ бо ишора ба изҳороти Владимир Путин раисҷумҳурии Русия бар эъмоли комилан ҳокимияти қонуни бар тамомияти арзии ин кишвар таъкид карду гуфт, ки Русия ба суръат аз ин вазъият убур мекунад.
Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин зимни арзёбии равобити сатҳи болои Теҳрон ва Маскав бар пайгирии тавофуқоти дуҷониба таъкид кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон Носири Канъонӣ гуфт, ки руйдоди ахир дар Русия мавзӯи дохилии ин кишвар аст Эрон аз ҳокимияти қонун дар Русия ҳимоят мекунад.
Лентаи хабарҳо
0