https://sputnik.tj/20230622/yak-moh-muhlat-nato-haqiqat-kiev-1057863247.html
“Як моҳ мӯҳлат”: НАТО ҳақиқати талхро барои Киев гуфт
“Як моҳ мӯҳлат”: НАТО ҳақиқати талхро барои Киев гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг иқрор шуд, ки анборҳои яроқ ва аслиҳаи давлатҳои узви ин иттифоқи ҷангӣ бо сабаби интиқол ба Киев тиҳӣ гаштаанд
2023-06-22T21:00+0500
2023-06-22T21:00+0500
2023-06-23T15:27+0500
русия
дар русия
нато
украина
донбасс
анбор
аслиҳа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1035057019_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_8f1b3df97038629f96a76eb3983cd62a.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik, Андрей Котс. Дар Иттифоқи Атлантикаи шимолӣ расман заиф будани саноати худро эътироф намуданд. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг иқрор шуд, ки анборҳои яроқ ва аслиҳаи давлатҳои узви ин иттифоқи низомӣ бо сабаби интиқол ба Киев тиҳӣ гаштаанд. Дар бораи он, ки дастгирии Украина боз кадом муаммоҳоро урён намуд, - дар маводи Sputnik. Барои якчанд шабонарӯз Дар Брюссел яқин чашмдор набуданд, ки ин низои яроқнок ин қадар шадид мешавад. Амалиётҳои ҷангӣ хусусияти мавқеӣ гирифтанд. Чун дар замони Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, мавқеи ҳалкунандаро шилликҳои тӯпҳо бозиданд. Бинобар ин, ба қувваҳои мусалаҳи Украина саховатмандона аслиҳа медоданд – ва онҳо бошанд шаҳрҳои Донбассро тирборонкунӣ доранд. Дирӯз Der Spiegel-и олмонӣ кашфиёти вазири дифои Олмон Борис Писториусро нашр намуд. Ӯ иқрор шуд, ки дар ихтиёри қувваҳои мусаллаҳи кишвараш ҳамагӣ наздик 20 ҳазор тири тӯпи калибраш дар НАТО асосии 155 миллиметра мавҷуд асту халос. Барои артиши украинӣ ин миқдор барои, зиёдаш, се – чор шабонарӯз мерасад, он ҳам агар самти муҳориба тафсон набошад. Артиши Олмон бошад аз рӯи иқтидор дар НАТО , пас аз ИМА ва Туркия , рамзан дар ҷои сеюм қарор дорад. Дар дигар давлатҳои донори аъзои Атлантикаи шимолӣ – ба истиснои ИМА – вазъият гумон, ки беҳтар бошад. Вазир ҳукуматҳоро ба он даъват намуд, ки харидҳои яклухтро маблағгузорӣ кунанд ва 230 ҳазор адад аслиҳа ҷамъоварӣ намоянд. Ин теъдод ҳам он қадар зиёд нест – барои як моҳи ҷанг мерасад. Ба ин нишондаҳанда бошад Берлин ҳисобу китоб дорад фақат дар соли 2031-ум расад. Аён гашт, ки саноати ҳарбии Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ ба пур намудани холигии “моли истеъмолӣ”-и асосӣ – снарядҳо барои артиллерия омода нестанд. Баҳрабардори асосӣ Аслиҳахонаҳои назаррасро фақат ИМА доранд. “Захираҳо”-и онҳоро дар Куриёи ҷанубӣ ва Ислоил ҳоло даст накофтаанд. Вазъияти баамаломада табъи дили Вашингтон аст. “Дар саммити НАТО пешвоёни аврупоӣ паёми ба таври возеҳу оммавӣ аз Вашингтон хоҳанд гирифт: хароҷотҳои низомиро зиёд намоед, - менавишад нашрияи Politico. Аз ҷумла, барои онҳо дақиқ намудаанд:боварӣ ҳосил кунед, ки шумо яроқи амрикоиро харидорӣ намуда истодаед” Бинобар ин, амрикоиҳо фаъолона иҷтидорҳои истеҳсолии аврупоиро аз роҳ задаву ба худ кашида истодаанд ва истеҳсоли аслиҳаро зиёд намуда истодаанд. Ният доранд тирамоҳ ба андозаи 20 ҳаз. снаряд дар як моҳ истеҳсол намоянд ва дар соли 2025 бошад ин нишондиҳандаро то 40 ҳазор баланд бардоштанианд. Аммо барои иттифоқчиёнаш аз блоки низомӣ кифоягӣ мекунад - онҳо ҳарисона харидорӣ менамоянд, зеро бо “Русияи тоҷовузкор” тарс дода шудаанд, Ин найрангро, аз афташ, мехоҳанд дар фурӯши дигар намуди яроқу аслиҳа низ кор баранд. Масалан, ба давлатҳои ИА маслиҳат медиҳанд, ки танкҳои ба Киев додаи “Леопард” - ро (зиёда аз 150 адад) ба “Абрасам” иваз намоянд. Аврупо дар умум зид нест. Масалан, ҳанӯз тирамои соли 2022 канслери Олмон Олаф Шолтс ташаббуси “Сипари осмонии аврупоӣ”-ро пешниҳод намуда буд:ташкили маҷмааи ягонаи мудофиаи зиддиҳавоӣ. Ва ба ҳамаи иттифоқчиён таклиф намуд маҷмааҳои мушакиву зенитии амрикоии Patriot – ро харидорӣ намоянд. Халосӣ аз куҳанколаҳо Дар НАТО бо душвориҳои дигар низ рӯ-ба рӯ шуданд. Барои яроқу аслиҳаи ғарбӣ барои Киев 800 миллион доллар сарф карданд. Чуноне, ки манбаи рӯзномаи The New York Times тасдиқ менамоянд, як қисми фармоишотро иҷро накарданду маблағҳоро бозпас баргардониданд. Дар натиҷа, баҳори имсол шартномаҳо ба садҳо садҳо миллион муаллақ монданд. Ғайр аз ин, бештари вақт маълум мегардад, ки яроқу аслиҳаи интиқолдодашуда бесифатанд. Техникаи ҷангӣ таъмири ҷиддиро талаб менамояд ва ё худ онро фақат ба сифати қисмҳои эҳтиётӣ истифода бурдан мумкину халос. Чуноне, ки таҳлилгарон ишора доранд, наздик 30% яроқи артиши Украина дар пойгоҳҳои таъмирӣ қарор доранд. Дар ҳамин ҳол, дар Киев кӯшиш доранд шарикони ғарбиашонро танқид накунанд. Масалан, ба ширкати амрикоии Ultra Defense Corporation 19,8 миллион долларро барои таъмири гаубитсаҳо доданд. Гаубитсаҳоро дар ҳолати “барои бурдани ҷангҳо корношоям” баргардониданд. Дар давлатҳои НАТО аллакай пинҳон намедоранд, ки умед доштанд бо кӯмаки Киев аз кӯҳанколаву моли корношояму касмагиру касмахар халос мешаванд – аз он чӣ ки дар анборҳо хобанду аз эътибор соқит намудани онҳо қимат аст. Аммо мувофиқи ҳисобу китоби Брюсел, ҳеҷ гумони чунин васеъ доман задани низоъро надоштанд. Низоъ ҳар чӣ бештар тӯл кашад, ҳамон қадар қобилияти мудофиавии ИА осеб мебинад, ва вобастагии низомиаш аз ИМА бештар мегардад. Тасодуф нест, ки дар Вашингтон ба идомаи амалиётҳои ҷангӣ исрор доранд.
русия
украина
анбор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1035057019_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_de47fd0da7d547dba7c6b2404fc3af93.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нато, русия, украина, аслиҳа, ҳақиқат, анбор, аслиҳа, киев
нато, русия, украина, аслиҳа, ҳақиқат, анбор, аслиҳа, киев
“Як моҳ мӯҳлат”: НАТО ҳақиқати талхро барои Киев гуфт
21:00 22.06.2023 (Навсозишуда: 15:27 23.06.2023) Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг иқрор шуд, ки анборҳои яроқ ва аслиҳаи давлатҳои узви ин иттифоқи ҷангӣ бо сабаби интиқол ба Киев тиҳӣ гаштаанд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik, Андрей Котс. Дар Иттифоқи Атлантикаи шимолӣ расман заиф будани саноати худро эътироф намуданд. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг иқрор шуд, ки анборҳои яроқ ва аслиҳаи давлатҳои узви ин иттифоқи низомӣ бо сабаби интиқол ба Киев тиҳӣ гаштаанд. Дар бораи он, ки дастгирии Украина боз кадом муаммоҳоро урён намуд, - дар маводи Sputnik.
Дар Брюссел яқин чашмдор набуданд, ки ин низои яроқнок ин қадар шадид мешавад. Амалиётҳои ҷангӣ хусусияти мавқеӣ гирифтанд. Чун дар замони Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, мавқеи ҳалкунандаро шилликҳои тӯпҳо бозиданд. Бинобар ин, ба қувваҳои мусалаҳи Украина саховатмандона аслиҳа медоданд – ва онҳо бошанд шаҳрҳои Донбассро тирборонкунӣ доранд.
Дирӯз Der Spiegel-и олмонӣ кашфиёти вазири дифои Олмон Борис Писториусро нашр намуд. Ӯ иқрор шуд, ки дар ихтиёри қувваҳои мусаллаҳи кишвараш ҳамагӣ наздик 20 ҳазор тири тӯпи калибраш дар НАТО асосии 155 миллиметра мавҷуд асту халос.
Барои артиши украинӣ ин миқдор барои, зиёдаш, се – чор шабонарӯз мерасад, он ҳам агар самти муҳориба тафсон набошад. Артиши Олмон бошад аз рӯи иқтидор дар НАТО , пас аз ИМА ва Туркия , рамзан дар ҷои сеюм қарор дорад. Дар дигар давлатҳои донори аъзои Атлантикаи шимолӣ – ба истиснои ИМА – вазъият гумон, ки беҳтар бошад.
Вазир ҳукуматҳоро ба он даъват намуд, ки харидҳои яклухтро маблағгузорӣ кунанд ва 230 ҳазор адад аслиҳа ҷамъоварӣ намоянд. Ин теъдод ҳам он қадар зиёд нест – барои як моҳи ҷанг мерасад. Ба ин нишондаҳанда бошад Берлин ҳисобу китоб дорад фақат дар соли 2031-ум расад.
Аён гашт, ки саноати ҳарбии Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ ба пур намудани холигии “моли истеъмолӣ”-и асосӣ – снарядҳо барои артиллерия омода нестанд.
Аслиҳахонаҳои назаррасро фақат ИМА доранд. “Захираҳо”-и онҳоро дар Куриёи ҷанубӣ ва Ислоил ҳоло даст накофтаанд. Вазъияти баамаломада табъи дили Вашингтон аст.
“Дар саммити НАТО пешвоёни аврупоӣ паёми ба таври возеҳу оммавӣ аз Вашингтон хоҳанд гирифт: хароҷотҳои низомиро зиёд намоед, - менавишад нашрияи Politico.
Аз ҷумла, барои онҳо дақиқ намудаанд:боварӣ ҳосил кунед, ки шумо яроқи амрикоиро харидорӣ намуда истодаед”
Бинобар ин, амрикоиҳо фаъолона иҷтидорҳои истеҳсолии аврупоиро аз роҳ задаву ба худ кашида истодаанд ва истеҳсоли аслиҳаро зиёд намуда истодаанд. Ният доранд тирамоҳ ба андозаи 20 ҳаз. снаряд дар як моҳ истеҳсол намоянд ва дар соли 2025 бошад ин нишондиҳандаро то 40 ҳазор баланд бардоштанианд. Аммо барои иттифоқчиёнаш аз блоки низомӣ кифоягӣ мекунад - онҳо ҳарисона харидорӣ менамоянд, зеро бо “Русияи тоҷовузкор” тарс дода шудаанд,
Ин найрангро, аз афташ, мехоҳанд дар фурӯши дигар намуди яроқу аслиҳа низ кор баранд. Масалан, ба давлатҳои ИА маслиҳат медиҳанд, ки танкҳои ба Киев додаи “Леопард” - ро (зиёда аз 150 адад) ба “Абрасам” иваз намоянд.
Аврупо дар умум зид нест. Масалан, ҳанӯз тирамои соли 2022 канслери Олмон Олаф Шолтс ташаббуси “Сипари осмонии аврупоӣ”-ро пешниҳод намуда буд:ташкили маҷмааи ягонаи мудофиаи зиддиҳавоӣ. Ва ба ҳамаи иттифоқчиён таклиф намуд маҷмааҳои мушакиву зенитии амрикоии Patriot – ро харидорӣ намоянд.
Дар НАТО бо душвориҳои дигар низ рӯ-ба рӯ шуданд. Барои яроқу аслиҳаи ғарбӣ барои Киев 800 миллион доллар сарф карданд. Чуноне, ки манбаи рӯзномаи The New York Times тасдиқ менамоянд, як қисми фармоишотро иҷро накарданду маблағҳоро бозпас баргардониданд. Дар натиҷа, баҳори имсол шартномаҳо ба садҳо садҳо миллион муаллақ монданд.
Ғайр аз ин, бештари вақт маълум мегардад, ки яроқу аслиҳаи интиқолдодашуда бесифатанд. Техникаи ҷангӣ таъмири ҷиддиро талаб менамояд ва ё худ онро фақат ба сифати қисмҳои эҳтиётӣ истифода бурдан мумкину халос. Чуноне, ки таҳлилгарон ишора доранд, наздик 30% яроқи артиши Украина дар пойгоҳҳои таъмирӣ қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол, дар Киев кӯшиш доранд шарикони ғарбиашонро танқид накунанд. Масалан, ба ширкати амрикоии Ultra Defense Corporation 19,8 миллион долларро барои таъмири гаубитсаҳо доданд. Гаубитсаҳоро дар ҳолати “барои бурдани ҷангҳо корношоям” баргардониданд.
Дар давлатҳои НАТО аллакай пинҳон намедоранд, ки умед доштанд бо кӯмаки Киев аз кӯҳанколаву моли корношояму касмагиру касмахар халос мешаванд – аз он чӣ ки дар анборҳо хобанду аз эътибор соқит намудани онҳо қимат аст.
Аммо мувофиқи ҳисобу китоби Брюсел, ҳеҷ гумони чунин васеъ доман задани низоъро надоштанд. Низоъ ҳар чӣ бештар тӯл кашад, ҳамон қадар қобилияти мудофиавии ИА осеб мебинад, ва вобастагии низомиаш аз ИМА бештар мегардад. Тасодуф нест, ки дар Вашингтон ба идомаи амалиётҳои ҷангӣ исрор доранд.