Аз артиши эҳтиётӣ то корпусу полкҳои нав: нерӯҳои мусаллаҳи Русия қудратмандар мешавад

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкСелекторное совещание в Министерстве обороны РФ
Селекторное совещание в Министерстве обороны РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2023
Обуна шудан
Дар айни замой ҳамчунин панҷ полк чӣ аз ҷиҳати ҳайати кадрҳо ва чӣ аз ҷиҳати техникаи ҷангӣ 60% ташкил карда шуда, навтарин техника дарёфт хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. То охири моҳи июн дар Русия артиши эҳтиётӣ ва корпуси артиш ташкил карда мешавад.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар таҳти раёсати раисиҷумҳур Владимир Путин изҳор дошт.
"То охири моҳи июн мо ташкили артиши эҳтиётиро ба анҷом мерасонем ва дар ояндаи хеле наздик ташаккули корпуси артишро ба анҷом мерасонем", - тасдиқ кард ӯ.
Вазорати дифои Русия афзуд, ки ҷузъу томҳои эҳтиётӣ беш аз 3,7 ҳазор воҳиди техникаи низомӣ дарёфт хоҳанд кард.
Илова бар ин, раҳбари вазорат қайд кард, ки “панҷ полк низ беш аз 60% ташкил шудааст”.
"Мо захираҳоро чӣ аз чихати техника ва чӣ аз ҷиҳати кадрҳо фаъолона ташкил карда истодаем", — таъкид кард вазир.
Пуск из подводного положения крылатой ракеты Калибр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия ба яке аз марказҳои тасмимгирии нерӯҳои мусаллаҳи Украина зарба зад
Ҳамин тавр, ба гуфтаи ӯ, 114 ҳазор нафар тибқи шартномаи мустақим, илова бар он 52 ҳазор нафар ихтиёриён ба кор ҷалб шудаанд.
Қаблан вазири дифои Русия аз хатари ташдиди вазъ дар марзҳои Осиёи Марказӣ хабар дода буд.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки бидуни кӯмаки ҳамаҷонибаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, мубориза бо мушкилоти танҳоӣ барои Афғонистон душвор хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0