https://sputnik.tj/20230622/ozmoishgoh-buzurg-rusiya-tojikiston-kor-1057842537.html
Озмоишгоҳи бузурги Русия қасд дорад, дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кунад
Озмоишгоҳи бузурги Русия қасд дорад, дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Интихоб аз он вобаста аст, ки инҳо ҳамсояҳои наздиктарин бо муқаррароти дақиқ ва робитаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд, гуфт директори рушди ширкат
2023-06-22T09:42+0500
2023-06-22T09:42+0500
2023-06-22T13:11+0500
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/06/1047419640_0:106:3264:1942_1920x0_80_0_0_54f0a779c839abef417ff5212ddef6ce.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Яке аз пешсафони бозори хусусии ташхиси лабораторӣ дар Русия қасд дорад дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кунад. Дар ин бора хадамоти "Ҳеликс" расман хабар дод. Зимнан зикр мегардад, ки ширкати русӣ ба ҷуз аз ҷумҳурӣ ният дорад тиҷоратро дар доираи франшиза дар Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон низ рушд диҳад. Ҳамин тариқ, ба сармоягузорон франшиза дар 2 формат пешниҳод карда мешавад: 1. Ифтитоҳи шабакае, ки дар он муштариён метавонанд аз ташхиси тиббӣ гузаранд, хизматрасонии тиббӣ гиранд ва ташхиси инструменталӣ гузаранд. 2. Ифтитоҳи шабакаи нуқтаҳо барои санҷиши бидуни тамос дар доираи хидматрасонии тиббии Helix Express, ки бамуштариён имкон медиҳад, ки онҳоро дар макони мувофиқ бидуни тамос ва арзонтар аз нархи миёнаи бозор бигиранд. Николай Беспалов, директори рушди ширкати таҳлилии RNC Pharma, дар мусоҳиба бо РИА "Новости" тавзеҳ дод, ки интихоби кишварҳо аз он вобаста аст, ки инҳо ҳамсояҳои наздиктарини Русия, бо муқаррароти дақиқ, робитаҳои таърихию фарҳангӣ ва иқтидори хуби рушд ҳастанд. Қаблан платформаи тиҷорати интернетии Русия Wildberries қасд дошт, ин хидматро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунад. Имконият пеш аз ҳама аз қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ, шаффофияти танзими гумрукӣ, инчунин мавҷудияти инфрасохтори логистикӣ вобаста аст.
https://sputnik.tj/20230620/husnullin-bozor-tojikiston-300-shirkat-rusi-faoliyat-dorand-1057814636.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/06/1047419640_268:0:2997:2047_1920x0_80_0_0_accec93f29743d7885dd3f331159c215.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
озмоишгоҳи русия тоҷикистон кор
озмоишгоҳи русия тоҷикистон кор
Озмоишгоҳи бузурги Русия қасд дорад, дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кунад
09:42 22.06.2023 (Навсозишуда: 13:11 22.06.2023) Интихоб аз он вобаста аст, ки инҳо - ҳамсояҳои наздиктарин бо муқаррароти дақиқ ва робитаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд, гуфт директори рушди ширкат
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Яке аз пешсафони бозори хусусии ташхиси лабораторӣ дар Русия қасд дорад дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кунад. Дар ин бора хадамоти "Ҳеликс" расман хабар дод.
Зимнан зикр мегардад, ки ширкати русӣ ба ҷуз аз ҷумҳурӣ ният дорад тиҷоратро дар доираи франшиза дар Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон низ рушд диҳад.
"Мастер-франчайз намояндаи истисноии "Ҳеликс"дар қаламрави кишварҳо хоҳад шуд, ки имкони кор дар ҳама сегментҳо (B2C, B2B ва B2G) ва кушодани шумораи номаҳдуди фурӯшгоҳҳоро дорад",- гуфт хадамоти лабораторӣ.
Ҳамин тариқ, ба сармоягузорон франшиза дар 2 формат пешниҳод карда мешавад:
1. Ифтитоҳи шабакае, ки дар он муштариён метавонанд аз ташхиси тиббӣ гузаранд, хизматрасонии тиббӣ гиранд ва ташхиси инструменталӣ гузаранд.
2. Ифтитоҳи шабакаи нуқтаҳо барои санҷиши бидуни тамос дар доираи хидматрасонии тиббии Helix Express, ки бамуштариён имкон медиҳад, ки онҳоро дар макони мувофиқ бидуни тамос ва арзонтар аз нархи миёнаи бозор бигиранд.
Николай Беспалов, директори рушди ширкати таҳлилии RNC Pharma, дар мусоҳиба бо РИА "Новости" тавзеҳ дод, ки интихоби кишварҳо аз он вобаста аст, ки инҳо ҳамсояҳои наздиктарини Русия, бо муқаррароти дақиқ, робитаҳои таърихию фарҳангӣ ва иқтидори хуби рушд ҳастанд.
Қаблан платформаи тиҷорати интернетии Русия Wildberries қасд дошт, ин хидматро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунад.
Имконият пеш аз ҳама аз қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ, шаффофияти танзими гумрукӣ, инчунин мавҷудияти инфрасохтори логистикӣ вобаста аст.