https://sputnik.tj/20230622/lukashenko-hushdor-mato-sulh-kanda-1057842732.html
Лукашенко ҳушдор дод, ки “матои замони сулҳ” дар ҳоли пора шудан аст
Лукашенко ҳушдор дод, ки “матои замони сулҳ” дар ҳоли пора шудан аст
Sputnik Тоҷикистон
Боз як иқдоми нодурусти сиёсатмадорони ғараздори ғарбӣ метавонад барои аксари инсоният охирин қадам бошад, ҳушдор медиҳад кишвардори Беларус
2023-06-22T10:19+0500
2023-06-22T10:19+0500
2023-06-22T13:06+0500
беларус
ҷбв
фашизм
иҷшс (ссср)
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/0f/1057727551_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_c92dc481a82a860944c76ccbe0ff56aa.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, дар сайёра вазъе ба вуҷуд омадааст, ки бофтаи замони сулҳ дар ҳоли шикастан аст. Дар ин бора дар паёме, ки вебсайти сарвари давлати Беларус ба муносибати Рӯзи хотираи миллии қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва наслкушии мардуми белорус нашр кардааст, гуфта мешавад.Вай таъкид кард, ки "мардуми беларус бо дидани даҳшатҳои ҷанг ва баҳои пирӯзӣ ҳақиқати таърихиро ҳифз карда, соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати миллатро ба хотири сулҳ дар зодгоҳи худ мустаҳкам мекунад"."Имруз тамоми Беларус воқеаҳои фоҷиавии 22 июни соли 1941-ро ба хотир меорад. Субҳи барвақти ҷанг хоинон ба хонаи мо ҳуҷум карда, тақдирҳо, оилаҳо, шаҳру деҳаҳоро бераҳмона хароб карданд. Давоми зиёда аз се сол сарзамини Беларус аз ваҳшигариҳои фашистон айнан нола кард. Дар оташи харобиовари ҷанг ҳар сеяк сокини мамлакат кушта шуд", — ба хотир овард Лукашенко. Вай таъкид кард, ки бераҳмии ғайриинсонӣ иродаи халқи беларусро шикаста натавонист. "Ҳимояи Ватан тамоми мардуми осоиштаи ҷумҳуриро дар муқовимати умумӣ ба фашизм муттаҳид кард. Бобою бобокалонҳои мо мавриди шиканҷа ва даҳшат қарор гирифтанд, вале шаъну шарафи худро нигоҳ доштанд", - афзуд Лукашенко.
https://sputnik.tj/20230508/yode-qahramononi-jbv-kharitai-dushanbe-1056969815.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/0f/1057727551_133:0:2864:2048_1920x0_80_0_0_3019d9595a4b6e03c4d9669fbf4a965a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лукашен ҳушдор мато сулҳ пора
лукашен ҳушдор мато сулҳ пора
Лукашенко ҳушдор дод, ки “матои замони сулҳ” дар ҳоли пора шудан аст
10:19 22.06.2023 (Навсозишуда: 13:06 22.06.2023) Боз як иқдоми нодурусти сиёсатмадорони ғараздори ғарбӣ метавонад барои аксари инсоният охирин қадам бошад, ҳушдор медиҳад кишвардори Беларус
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, дар сайёра вазъе ба вуҷуд омадааст, ки бофтаи замони сулҳ дар ҳоли шикастан аст.
Дар ин бора дар паёме, ки вебсайти сарвари давлати Беларус ба муносибати Рӯзи хотираи миллии қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва наслкушии мардуми белорус нашр кардааст, гуфта мешавад.
"Пас аз даҳсолаҳои зиндагии шукуфон дар сайёра боз вазъе ба миён омад, ки бофтаи замони сулҳ дар ҳоли шикастан аст. Боз як иқдоми нодурусти сиёсатмадорони ғараздори ғарбӣ метавонад барои аксари инсоният охирин қадам бошад", - гуфта мешавад
Вай таъкид кард, ки "мардуми беларус бо дидани даҳшатҳои ҷанг ва баҳои пирӯзӣ ҳақиқати таърихиро ҳифз карда, соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати миллатро ба хотири сулҳ дар зодгоҳи худ мустаҳкам мекунад".
"Имруз тамоми Беларус воқеаҳои фоҷиавии 22 июни соли 1941-ро ба хотир меорад. Субҳи барвақти ҷанг хоинон ба хонаи мо ҳуҷум карда, тақдирҳо, оилаҳо, шаҳру деҳаҳоро бераҳмона хароб карданд. Давоми зиёда аз се сол сарзамини Беларус аз ваҳшигариҳои фашистон айнан нола кард. Дар оташи харобиовари ҷанг ҳар сеяк сокини мамлакат кушта шуд", — ба хотир овард Лукашенко.
Вай таъкид кард, ки бераҳмии ғайриинсонӣ иродаи халқи беларусро шикаста натавонист.
"Ҳимояи Ватан тамоми мардуми осоиштаи ҷумҳуриро дар муқовимати умумӣ ба фашизм муттаҳид кард. Бобою бобокалонҳои мо мавриди шиканҷа ва даҳшат қарор гирифтанд, вале шаъну шарафи худро нигоҳ доштанд", - афзуд Лукашенко.