Кӯмаки башардӯстона ба паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон

© AP / Emrah GurelАфганские мигранты в Татване, Турция
Афганские мигранты в Татване, Турция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2023
Обуна шудан
Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар гуфт, беш аз 500 паноҳҷӯи афғон бар иловаи кӯмакҳои башардӯстона аз сокинони маҳаллии Суғд, пули нақд хоҳанд гирифт
ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Сокинони вилояти Суғд барои 43 хонаводаи паноҳандагони афғон кӯмаки башардӯстона ҷамъоварӣ карданд.
Дар ин бора аз бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки бастаи хайрия аз маводи ғизоӣ ва гигиенӣ иборат аст.
Ҳамин тариқ, ба ҳар оилаи гурезаҳои Афғонистон маводи ниёзи аввал: 50 кг орд, 5 литр равған, 5 килограммӣ биринҷ ва шакар, инчунин 15 маводи гигиенаи шахсӣ ҷамъоварӣ ва дастрас шуданд.
Илова бар ин, ба ҳар як хонаводаи афғон, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд, таҷҳизот барои пухту паз супорида шуд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар таъкид кардааст, ки ҳадафи аслии кӯмак ба гурезагони афғон - дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумест, ки маҷбуран берун аз ватани худ зиндагӣ мекунанд.
"Беш аз 500 гурезае, ки дар 8 шаҳру навоҳии Суғд зиндагӣ мекунанд, пули нақд хоҳанд гирифт. Ба ин феҳрист сокинони навоҳии Конибодом, Исфара, Панҷакент, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Кӯҳистони Маастчоҳ, Ҷаббор-Расулов ​​шомил шудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Қаблан маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чанд паноҳандаи афғон ба сар мебарад.
Кобул: Афғонистон бештарин муҳоҷирро дар ҷаҳон дорад
Феълан теъдоди гурезагон аз Афғонистон ба 6,8 ҳазор нафар мерасад. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон раиси созмони ғайридавлатии "Ориёно" Абдумусавир Баҳодурӣ хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0